Дузди ноқилҳои “Тоҷиктелеком” дастгир шуд

Кормандони шуъбаи корҳои дохилӣ дар шаҳри Гулистон, як сокини 20 солаи ноҳияи Бобоҷон Ғафуровро дастгир кардаанд, ки дар тули якуним моҳ, беш аз 230 метр ноқилҳои алоқаи телефонии идораи “Тоҷиктелеком”-ро дуздидааст
Sputnik

ДУШАНБЕ, 1 ноя — Sputnik. Бино ба иттилоъи манбаъ аз мақомоти ҳифзи ҳуқуқ У. И., сокини 20 солаи ҷамоати деҳоти Исфисор дар ноҳияи Бобоҷон Ғафуров  аз рӯзи 13-уми сентябр то 28-уми октябр ба дуздии ноқилҳои  алоқаи телефонӣ даст задааст.

Дар ин муддат шахси гумонбаршуда, аз ҳудуди кӯчаҳои Дӯстии халқҳо, М. Турсунзода ва Хоҷамбердиев и шаҳри Гулистон дар маҷмӯъ 239 метр симҳои алоқаи телефонии дорои тамғаи ТТ 10-ро бо худ бурда, ба идораи “Тоҷиктелеком” 765 сомонӣ зарар расонидааст.

Дузд дар ноҳияи Қубодиён аз сандуқи зане 50 000 сомонӣ рабудаст

Идораи “Тоҷиктелеком” дар шаҳри Гулистон  аз рухдоди ин ҳолат, санаи 30-уми октябр огоҳ шуда, барои дарёфти афроди муттаҳам ва заррарасон аз ШВКД дар шаҳри Гулистон дархост намудааст.

Корманди мақомоти милисаи шаҳри Гулистон, дар пайи чораҳои фаврӣ-ҷустуҷӯи, сокини 20 ноҳияи Бобоҷон Ғафуров У.И., ро ҳамчун гумонбар дастгир намуда ва делелҳои шайъӣ пайдо кардаанд.

Зимнан чораҳо барои оғоз намудани парвандаи ҷиноӣ бо аломатҳои моддаи 244 (дуздӣ) и асноди ҷиноӣ нисбати дасгиршуда идома дорад.

Раёсати корҳои дохилии Суғд дар нишасти хабарӣ оид ба ҷамбасти фаъолияти шаш моҳаи ин ниҳод аз тамоюули ҷиноятҳои марбут ба дуздӣ ва тасарруфгарӣ иттилоъ дода буд.