Дар Тоҷикистон 697 ҳазор нафар бознишаста мебошанд

То авоили моҳи октябри соли равон дар Тоҷикистон 697 ҳазор бознишаста сабти ном гардидаанд, ки ин рақам дар муқоиса ба ҳамин давраи соли гузашта 2.9 дарсад бештар аст
Sputnik

ДУШАНБЕ, 1 ноя — Sputnik.  Дар Тоҷикистон сафи бознишастагон афзоиш ёфтааст, хабар медиҳад агентии ТоҷикТа.

Зиёфат дар чойхонаи "Роҳат": Рӯзи куҳансолон дар Душанбе чигуна таҷлил шуд - видео

Бар хабари манбаъ, то 1 - ум октябри соли равон дар Тоҷикистон 679 ҳазор бознишаста сабти ном шудаанд, ки ин рақам дар нисбат ба ҳамин давраи соли гузашта ба андозаи 2.9 фисад бештар аст.

Ҳамзамон, қайд мегардад, ки шумораи нафарони қобили меҳнат ба 2 миллиарду 320 ҳазор нафар баробар аст.

Ҳамин тариқ таносуби  нафақахурон дар баробари коргарон  дар Тоҷикистон дар муқоиса ба кишварҳое, чун Русия ва Қирғизистон нишондиҳандаи  хуб дорад.

Чун дар Тоҷикистон барои як бознишаста  3 ё 4 нафар коргар рост меояд, дар ҳоле ки дар Русия ин нишондиҳанда ба  1:1,2, ва дар  Қирғизистон аз он ҳам бадтар 1:1 баробар аст.

Зимнан манбаъ меафзояд, ки давоми 9 моҳи соли ҷорӣ аз буҷаи давлат ба  миқдори 1,8 миллиард сомонӣ пули бознишастагон ва дигар кумакпулиҳо дода шудааст.

Тоҷикистон шумори дақиқи бознишастагонро эълон кард

Маврид ба зикр аст, ки дар Тоҷикистон дасти кам 686 ҳазор нафар нафақа мегиранд. Ба иттилои Агентии омори Тоҷикистон нафақаи миёнаи бознишастагон ба 303 сомонӣ баробар аст.