Авбошии корманди "Амонатбонк" дар ҷои кор: бо қайчӣ ба рӯю пушти ҷавон зад

Вазорати корҳои дохилии Тоҷикистон аз ду ҳодисаи абошӣ дар шаҳри Душанбе хабар медиҳад. Яке дар дохили муассисаи "Амонатбонк" рух додааст
Sputnik

ДУШАНБЕ, 1 ноя — Sputnik. Бино ба гузориши Вазорати умури дохила, ҳодисаи якум 31-уми октябри соли 2019, тахминан соати 07:30-дақиқа, дар кӯчаи К. Раҳимови пойтахт ба вуқӯъ пайвастааст.

Гуфта мешавад, ки ба ШВКД дар ноҳияи Исмоили Сомонӣ бо ариза марди 35-солаи сокини ноҳияи Варзоб муроҷиат намудааст, ки санаи 31-уми октябри соли 2019, тахминан соати 07:30-дақиқа, дар кӯчаи К. Раҳимови пойтахт, марди 25-солаи сокини кӯчаи Саҳбои ноҳияи Исмоили Сомонӣ, аз ҳиссиёти авбошӣ, бе ягон асос бо ӯ ҷангу ҷанҷол намуда, бо корди ошхонагӣ ба панҷаи дасти чапаш 1-маротиба задааст. 

Ронандаи авбош дар Душанбе барои латукӯби ҷавондухтар ба ҳабси маъмурӣ маҳкум шуд

Дар натиҷа, ҷабрдида ҷароҳати ҷисмонӣ бардоштааст.

Манбаъ меафзояд, ки аз рӯи ин ҳодиса тафтишот идома дорад.

Авбошии сарнишини тоҷик боиси таъхири парвози ҳавопаймои Маскав - Кӯлоб гардид

Ҳамчунин, ҳангоми гузаронидани чорабиниҳои оперативӣ-ҷустуҷуӣ аз ҷониби кормандони милитсия марди 22-солаи сокини шаҳри Душанбе, корманди филиали "Амонатбонк"-и ноҳияи Исмоили Сомонӣ бо гумони авбошӣ дастгир карда шуд.

Хонандагон ба ҷойи китоб ба мактаб корд мебаранд: боздошти се хонандаи синфи 11 бо корд

Тибқи иттилои манбаъ, номбурда, рӯзи 31-уми октябри соли 2019, тахминан соати 16:00, дар дохили бинои филиали мазкур, вокеъ дар хиёбони Исмоили Сомонӣ, аз ҳиссиёти авбошӣ бо марди 27-солаи сокини ноҳияи Рӯдакӣ бе ягон асос ҷангу ҷанҷол намуда, аз болои мизи кориаш қайчиро гирифта, ба қисмати рӯй ва пушташ задааст.

Ҳушдори Раёсати ВУД ба сокинони пойтахт пас аз чандин ҳодисаи кордкашии ноболиғон

"Дар натиҷа, марди зикргардида ҷароҳати ҷисмонӣ бардоштааст", - омадааст дар хабарнома.

Манбаъ афзуда, ки аз рӯи ин ҳодиса тафтишот идома дорад.