Рӯзи 31 октябр дар ҷаҳон чӣ рух дод.
Соли 2012 Тартиби таъсис ва тасдиқи шӯроҳои диссертатсионии ҳимояи рисолаҳо барои дарёфт ва додани дараҷаи илмии доктори фалсафа (PhD), доктор аз рӯи ихтисос тасдиқ карда шуд.
Соли 1932 дар Иттиҳоди Шӯравӣ аввалин Кодекси гражданӣ мавриди амал қарор гирифт.
Соли 2011 бинобар ҳисоботи Фонди нуфузи аҳолии СММ 7-миллиардумин сокини Замин ба дунё омад.
Соли 1892 Артур Конан Дойл китоби худ "Воқеаҳои ногаҳонии Шерлок Хомс"-ро ба нашр расонд.
Соли 1906 Намоиши ҷаҳонии "Экспо-1906" дар шаҳри Милани Италия кори худро ба анҷом расонид.
Рӯзи 31 октябр дар Тоҷикистон чӣ рух дод.
Соли 2011 дар шаҳри Париж масоили ҳамкории дуҷонибаи Тоҷикистону ЮНЕСКО баррасӣ шуданд.
Соли 2011 раисҷумҳури Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон ва пешвои исмоилиёни ҷаҳон Оқохони 4 ва Вазири вақти фавоиди оммаи Ҷумҳурии Исломии Афғонистон Абдулқуддус Ҳамидӣ бо гузоштани санги асос ва нома ба наслҳои оянда ба бунёди пули 6 – ум миёни Тоҷикистону Афғонистон оғоз бахшиданд.
Соли 2013 Эмомалӣ Раҳмон марҳилаи якуми лоиҳаи инноватсионии "Шаҳри бехатар" ё худ низоми худкори идоракунӣ дар соҳаи нақлиётро барои шаҳри Душанбе расман ба кор дароварданд.
Соли 2015 Сарвари давлат Эмомалӣ Раҳмон барои тамошои сабқати финалии Ҷоми Конфедератсияи футболи Осиё — 2015 байни дастаҳои "Истиқлол"-и Тоҷикистон ва "Ҷоҳор Дарул Такзим"-и Малайзия ба майдони марказии варзишии пойтахт ташриф оварданд.
Соли 2013 Консепсияи сиёсати ҳуқуқи ҷиноятии Ҷумҳурии Тоҷикистон тасдиқ карда шуд.
Ҷашнҳои рӯзи 31 октябр.
Рӯзи байналмилалии Баҳри сиёҳ.
Рӯзи ҷаҳонии шаҳрҳо.
Рӯзи байналмилалии сарфакорӣ.
Рӯзи 31октябр дар Тоҷикистон кӣ ба дунё омадааст.
Соли 1941 – Сарояндаи халқии Тоҷикистон Гулчеҳра Содиқова.
Соли 1953 – ҳофиз ва мусиқачӣ Азизулло Шариф.