Тоҷикистону Русия масоили амниятӣ ва вазъи Афғонистонро баррасӣ намуданд

Котиби Шӯрои амнияти Тоҷикистон Маҳмадалӣ Ватанзода ва котиби Шӯрои амнияти Русия Николай Патрушев масоили тақвияти ҳамкории дуҷониба дар мубориза бо терроризм, экстремизм ва ҷинояткории муташаккил, аз ҷумла қочоқи маводи мухаддир муҳокима карданд
Sputnik

ДУШАНБЕ, 31 окт — Sputnik. Рӯзи 30 октябри соли равон, дар Бӯстонсарои Ҳукумати Тоҷикистон дар шаҳри Душанбе ҷаласаи машваратии коршиносони дастгоҳҳои шӯроҳои амнияти Тоҷикистон ва Русия баргузор гардид, иттилоъ додааст хабаргузории АМИТ “Ховар”.

Мулоқоти Раҳмон бо Патрушев: танҳо бо талошҳои муштарак ҳамаи таҳдидҳоро решакан мекунем

Тибқи иттилои манбаъ, зимни мулоқот масъалаҳои марбут ба тақвияти ҳамкории дуҷониба дар мубориза бо терроризм, экстремизм ва ҷинояткории муташаккил, аз ҷумла қочоқи маводи мухаддир муҳокима шуданд.

Ҷонибҳо инчунин масъалаҳои марбут ба вазъ дар Афғонистон, тадбирҳои муқовимат бо таҳдиду чолишҳо, вазъ ва дурнамои рушди ҳамкории ҳарбӣ ва ҳарбӣ-техникӣ, баланд бардоштани самаранокии ҳамкории Россия ва Тоҷикистонро дар соҳаи амнияти иттилоотӣ мавриди баррасӣ қарор доданд.

Ҳамзамон, иштирокдорони машваратҳо ба мувофиқа расиданд, ки ҳамоҳангсозии мавқеъҳои вазорату идораҳои манфиатдори Тоҷикистон ва Русияро доир ба масъалаҳои муҳими таъмини амният дар доираи СММ, СҲШ, ИДМ ва СААД идома диҳанд.

Манбаъ зикр намудааст, ки аз рӯи натиҷаҳои машваратҳо котиби Шӯрои амнияти Тоҷикистон Маҳмадалӣ Ватанзода ва котиби Шӯрои амнияти Русия Николай Патрушев Протоколи дахлдор ба имзо расониданд.