Шералӣ Мирзо ба Озарбойҷон меравад

Шералӣ Мирзо, вазири дифои Тоҷикистон барои иштирок дар нишасти Шӯрои кишварҳои ҳамсуд ба Озарбойҷон сафар мекунад
Sputnik

ДУШАНБЕ, 31 окт — Sputnik. Дар ин нишаст вазирони дифои Озарбойҷон, Русия, Белорус, Қазоқистон ва Тоҷикистон ва раиси Ситоди марказии нерӯҳои мусаллаҳи Қирғизистон ширкат мекунанд, иттилоъ додааст хабаргузории “Parstoday”.

Нигаронии Шералӣ Мирзо аз хатарҳои ҷаҳони муосир

Тавре манбаъ хабар додааст, аъзои Шӯрои мазкур дар ҷараёни ин нишаст наҳваи ҳамкории низомии кишварҳои ҳамсуд то соли 2025 ва тавсиаи системаи воҳиди назорат ва арзёбии вазъияти шимиёӣ ва биологии вазоратхонаҳои дифои кишварҳои узв то соли 2025-ро баррасӣ мекунанд.

Баррасии таҷрибаи дафъи ҳамалоти густурдаи ҳавопаймоҳои бидуни сарнишин дар муқобила бо шибҳи низомиёни террористӣ дар Сурия ва таҳаққуқи вазоифи башардӯстона дар заминаи минарӯбӣ дар демократии халқи Лаос, аз дигар мазӯъҳое аст, ки баррасии он таи ин нишаст барномарезӣ шудааст.

Дар ин нишаст ҳамчунин бозиҳои низомии 2019 ва масоили марбут ба омодагии афсарони нерӯҳои мусаллаҳи кишварҳои ҳамсуд баррасӣ ва ҷашнвораи байналмилалии идеяҳои навоваронаи илмӣ ва омодагӣ барои баргузории 75-умин солгарди пирӯзӣ дар Ҷанги Бузурги Ватанӣ сурат мегирад.