ДУШАНБЕ, 30 окт — Sputnik. Бахтиёр Усмонов шаҳрванди 10 - солаи Тоҷикистон ба қатори 20 кӯдак-қаҳрамон шомил шуд, ки дар Маскав қадрдонӣ мешаванд, хабар медиҳад котиботи Росгвардия.
Бахтиёр аз як ҳодисаи нохуш пешгирӣ кард, ки оқибати он бояд ба марги дӯсташ анҷом меёфт.
Қадрдонии кӯдаки тоҷик барои наҷоти дӯсташ аз чоҳи оби ҷӯш дар Русия - видео
Ҳодисаи нохуш 27 май дар кӯчаи Дежнёви Хабаровск рух дод. Слава дӯсти Бахтиёр, ҳангоми бозӣ ба чоҳи оби ҷӯш афтид, аммо ин кӯдаки тоҷик ӯро берун кашида наҷот дод. Бадани Слава 40 дарсад сӯхта буд ва дар ҳолати вазнин ба беморхона интиқол ёфт.
Ба нақли Бахтиёр, Слава хост аз болои чоҳи оби ҷӯшида, ки бо тахта пӯшида шуда буд, биҷаҳад, аммо пешпо хӯрду ба даруни он афтид. Дар пайи он, ки Бахтиёр дӯсташро берун овардааст, ҳамсояҳо низ ба кумак шитофтанд.
Слава бо кумаки табибон ба по хест ва ҳоло боз дар мактаб таҳсил мекунад.
Қаблан, Бахтиёр Усмоновро Вазорати умури дохилии Русия низ қадрдонӣ намуда буд.