Манзили аксар сокинони Душанбе бо гармӣ таъмин шуд

Сар аз 28 - уми октябри соли равон Маркази барқу гармидиҳии - 1 ва 2 ба интиқоли оби гарм ба хонаҳои аксар сокинони пойтахт шурӯъ кард
Sputnik

ДУШАНБЕ, 30 окт — Sputnik. Душанбе ба мавсиси гармидиҳӣ гузашт. Ҳамакнун шурӯъ аз 28 октябр Маркази барқу гармидиҳии шаҳри Душанбе-1 ва 2 ба интиқоли гармӣ ба бинову иншооти шаҳри Душанбе  оғоз кард, хабар медиҳад агентии "Ховар"

Дар Душанбе ҳудуди 1,5 ҳазор сохтмонро ба сомонаи марказии гармирасонӣ пайваст мекунанд

Бар хабари манбаъ, феълан 350 иншоот ва манзилҳои истиқоматӣ бо гармӣ таъмин карда шуданд. Зимнан, гуфта мешавад, ки корҳои омодагӣ ба интиқоли гармӣ дар дигар бинову иншооти шаҳри Душанбе низ идома доранд.

Ҳукумати ҶТ: нархи гарморасонӣ аз 1 октябр гарон мешавад

Ҳадс зада мешавад, ки рӯзҳои наздик дегхонаҳои ғарбӣ ва шарқӣ низ ба кор оғоз мекунанд.

Қобили зикр аст, ки  имсол 2180 бинову иншооти пойтахт бо гармӣ таъмин мешаванд. Маъмулан дар Тоҷикистон сар аз даҳаи сеюми моҳи октябр то мобайнҳои моҳи март таъмини манзили сокинони пойтахт бо гармӣ давом меёбад.