Тағйироти кадрӣ дар Тоҷикистон

Тағйироти кадрӣ дар раёсати Кумитаи амният: Маҳмадсаид Убайдулло мансаби нав гирифт

Эмомалӣ Раҳмон, раисиҷумҳури Тоҷикистон бо имзои қарорҳои Ҳукумат дар раёсати Кумитаи давлатии амнияти миллӣ тағйироти кадрӣ анҷом дод
Sputnik

ДУШАНБЕ, 30 окт — Sputnik. Тибқи иттилои дафтари матбуоти раисиҷумҳури Тоҷикистон, Камолзода Фарҳод Воҳид муовини якуми раиси Кумитаи давлатии амнияти миллии Ҷумҳурии Тоҷикистон таъин шуд.

Сипосгузории Ятимов аз сокинони ВМКБ ва тавсифи ӯ аз вазъияти осуда дар вилоят

Манбаъ афзуд, Камолзода Фарҳод то ҳол раиси Кумитаи бехатарии озуқавории назди Ҳукуматии Ҷумҳурии Тоҷикистон буд, ки бо қарори Ҳукумат бо сабаби ба кори дигар гузаштанаш аз вазифа озод шуд.

Нафарони наву куҳна дар раёсати КМИР: Раҳмон 7 нафарро пешниҳод кард

Инчунин раисиҷумҳури Тоҷикистон Файзуллозода Муҳаммадсаид Убайдуллоро раиси Кумитаи бехатарии озуқавории назди Ҳукумати ҷумҳурӣ таъин кард.

Ба иттилои котиботи раисиҷумҳур, дар мувофиқа бо Эмомалӣ Раҳмон дар мақомоти умури дохилии Тоҷикистон низ тағйироти кадрӣ амалӣ шуд. Раисиҷумҳур дар суҳбат бо кадрҳои навтаъин таъмини суботу амният, таҳкими волоияти қонун, мубориза алайҳи ҳамагуна ҷинояткорӣ, бахусус терроризму экстремизм, гардиши ғайриқонунии маводи мухаддир ва дигар ҷиноятҳое, ки дар шароити авзои мураккабу печидаи минтақа ба амнияту субот ва зиндагии осудаи мардум хатар доранд, таъкид намудаст.