Садамаи маргбор дар роҳи “Душанбе-Хуҷанд-Чанноқ”: ронандаи “ВАЗ-2106” ба ҳалокат расид

Бар асари чаппа шудани мошин дар ҳудуди ноҳияи Бобоҷон Ғафуров ронанда Бекмирзоев Ғайратҷон ба ҳалокат расидааст
Sputnik

ДУШАНБЕ, 29 окт — Sputnik. Вазорати корҳои дохилаи Тоҷикистон аз садамаи маргбор дар дар роҳи “Душанбе-Хуҷанд-Чанноқ” хабар дод.

Умедҷон мошинро чаппа кард: ҳалокати модари ронанда дар пайи садама дар роҳи Душанбе-Чаноқ

Бино бар иттилои манбаъ бар асари чаппа шудани автомашини “ВАЗ-2106” ронандаи 32 сола Бекмирзоев Ғайратҷон Абдуғаффорович ба ҳалокат расидааст.

“Санаи 28-уми октябри соли равон, ронандаи автомашинаи тамғаи “ВАЗ-2106”, Бекмирзоев Ғайратҷон Абдуғаффорович, соли таваллудаш 1987, сокини ҷамоати деҳоти Чашмасори ноҳияи Б.Ғафуров, ҳангоми ҳаракат дар шоҳроҳи “Душанбе-Хуҷанд-Чанноқ”, дар ҳудуди ноҳияи Б.Ғафуров, аз уҳдаи идораи воситаи нақлиёт набаромада, ба канори чапи роҳ автомашинаро чаппа намудааст”, таъкид намудааст ВКД Тоҷикистон.

Тавре манбаъ зикр намудааст, дар натиҷа Бекмирзоев Ғ.А. ҷароҳати вазнини ҷисмонӣ бардошда, дар беморхона ба ҳалокат расидааст.

Дар ҳоли ҳозир кормандони милитсияи Тоҷикистон таҳқиқотро аз рӯи ҳодисаи мазкур идома доранд.