Тағйироти кадрӣ дар Тоҷикистон

Рӯйхати кадрҳои навтаъин дар ВУД: аз генерал Алихон Футур то Ҷамшед Хол ва Ҳабиб Қаҳҳорӣ

Вазорати умури дохилии Тоҷикистон тафсилоти тағйироти кадрӣ дар ин ниҳодро, ки имрӯз дар мувофиқа бо раисиҷумҳур Эмомалӣ Раҳмон амалӣ шуд, нашр карда, феҳрасти беш аз 20 генералу полковники навтаъинро ироа намудаст
Sputnik

ДУШАНБЕ, 30 окт — Sputnik. Дар мувофиқа бо Эмомалӣ Раҳмон генерал-майор Раҳмонзода Алихон Футур ба вазифаи сардори Раёсати экологӣ ва сайёҳии Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон таъин шуд.

“Чор ҳазор доллар пора гирифт”: фармони Президент дар бораи Рухшона Раҳмонализода

Генерал-майори милиса Шафизода Рустам Исмоил ба вазифаи муовини аввали сардори раёсати умури дохилии вилояти Суғд, полковник Носиров Анвар Дурманович ба вазифаи сардори Раёсати ҳамкориҳои байналмилалии ВУД таъин шуд.  

Полковник Машрабзода Ҷамшед Хол, писари марҳум Хол Машраб, собиқ раиси ноҳияи Рӯдакӣ ба мақоми сардори Раёсати амнияти дохилии ВУД Тоҷикистон таъин гардид.  Полковник Қаҳҳорӣ Ҳабиб Абдураҳим, писари генерал-полковник Абдураҳим Қаҳҳоров, собиқ вазири умури дохилии Тоҷикистон мақоми муовини сардори Раёсати ҳамкориҳои байналмилалии ВУД гирифтааст.

Манбаъ афзуд, ки полковник Ализода Анварҷон Ҷума ба вазифаи сардори Хадамоти давлатии “Муҳофиза”-и ВУД, полковник Бухоризода Мансур Ғоиб ба вазифаи сардори Хадамоти пешгирии ҳуқуқвайронкунӣ дар байни ноболиғон ва ҷавонони Вазорати умури дохилии Тоҷикистон, полковник Назарзода Бахтиёр Бобо, сардори Раёсати мубориза бар зидди гардиши ғайриқонунии маводи мухаддир, полковник Ҳамдамзода Валихон Ҳамдам вазифаи Ҳамоҳангсози миллӣ оид ба ислоҳоти милитсия ва полковник Раҷабзода Ҳасан Ҷамил мақоми сардори Раёсати таҳқиқи Вазорати корҳои дохилӣ гирифтанд.

Тағйироти кадрӣ дар раёсати Кумитаи амният: Маҳмадсаид Убайдулло мансаби нав гирифт

Полковник Зуҳурзода Шамсиддин Боймурод, сардори Шуъбаи №2 дар ноҳияи Фирдавсӣ, полковник Файзуллозода Илҳомҷон Файзулло, сардори Шуъбаи №1 дар ноҳияи Сино,  полковник Ваҳобзода Баҳодур Барот, сардори Шуъбаи №2 дар ноҳияи Шоҳмансур, подполковник Исмоилзода Зафар Исмоил, сардори Шуъбаи №2 дар ноҳияи Сино, полковник Зубайзода Хайрулло Маҳмуд, сардори Шуъбаи №2 дар ноҳияи Рӯдакӣ, полковник Давлатзода Абдусамад Ҳаким, сардори Шуъбаи ВУД дар ноҳияи Лахш таъин шудаанд.

Инчунин полковник Саидзода Қосим Шариф ба вазифаи сардори ШВУД оид ба хизматрасонии деҳоти “Навобод”, полковники милитсия Сайфуллозода Зафар Доранда,  ба вазифаи сардори Шуъбаи ВУД  дар ноҳияи Қубодиён, подполковник Ҷумъазода Ҳабиб Раҳим ба вазифаи сардори Шуъбаи ВУД дар Балҷувон, подполковник Муҳиддинзода Даврон Ҳакимҷон, сардори Шуъбаи ВУД дар ноҳияи Дӯстӣ,  подполковник Усмонзода Анис Карим, вазифаи сардори Шуъбаи милиса дар ноҳияи Ҳамадонӣ, подполковник Азиззода Авазхон Зайдулло, сардори Шуъбаи милиса дар шаҳри Истиқлоли вилояти Суғд ва полковник Абдурасулзода Аскарҷон Абдурасул мақоми муовини сардори Раёсати ҳамкориҳои байналмилалиии ВУД Тоҷикистонро гирифтаанд.