“Чор ҳазор доллар пора гирифт”: фармони Президент дар бораи Рухшона Раҳмонализода

Эмомалӣ Раҳмон, раисиҷумҳури Тоҷикистон фармон додааст, Рухшона Раҳмонализода, ки аз ҷониби Ожонси зидди фасоди кишвар дар порагирӣ муттаҳам мешавад, аз мақомаш барканор гардад
Sputnik

ДУШАНБЕ, 30 окт — Sputnik. Тибқи фармони раисиҷумҳури Тоҷикистон, Раҳмонализода Рухшона Раҳмоналӣ бинобар содир намудани кирдоре, ки шаъну эътибори судяро паст мезанад, аз вазифаи судяи суди ноҳияи Синои шаҳри Душанбе озод карда шавад.

Тағйироти кадрӣ дар раёсати Кумитаи амният: Маҳмадсаид Убайдулло мансаби нав гирифт

Рӯзе пеш Ожонси мубориза бо фасод хабар дод, ки Рухшона Раҳмонализода, додраси ноҳияи Сино дар фасодкорӣ муттаҳам мешавад.

Ба иттилои Ожонс, ба ин ниҳод як сокини шаҳри Душанбе муроҷиат карда, арз доштааст, ки Раҳмонализода Рухшона барои ба манфиати ӯ ҳал намудани баҳси шаҳрвандӣ вобаста ба манзили истиқоматӣ, моҳи марти соли 2019, маблағи  2000 доллар талаб намуда,  гирифт. Ба иттилои муроҷиаткунанда, сипас додрас аз ӯ овардани 2000 доллари дигарро талаб намудаст.

Манбаъ меафзояд, ки пас аз ворид шудани аризаи шикоятӣ аз ҷониби сокини пойтахт, нисбати Раҳмонализода бо моддаи 247 қисми 3 банди "а" Кодекси ҷиноятии Тоҷикистон парвандаи ҷиноӣ оғоз гардида, ҳинни гирифтани гирифтани 2000 доллари дигар аз ҷониби кормандони Ожонси мубориза бо фасод дастгир гардид.

Ожонси зидди фасод мегӯяд, айни замон тафтиши пешакии парвандаи ҷиноятӣ нисбати Раҳмонализода идома дорад.

Инчунин ба иттилои котиботи раисиҷумҳури Тоҷикистон имрӯз бо фармони Эмомалӣ Раҳмон, Раҳматҷони Умедҷон аз вазифаи судяи суди шаҳри Бӯстони вилояти Суғд озод гардид. Далели барканории Раҳматҷони Умедҷон гуфта шудааст.