Тақдими мукофот ба нафароне, ки ба пешвози Эмомалӣ Раҳмон баромаданд

Мақомоти шазҳри Кӯлоб онҳоеро, ки дар пешвози раисиҷумҳури тоҷикистон Эмомалӣ раҳмон зимни сафар ба шаҳри Кӯлоб ширкат кардаанд, қарддонӣ кард
Sputnik

ДУШАНБЕ, 29 окт — Sputnik. Раисиҷумҳури Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон рӯзи 10-11 сентябри соли 2019, бо сафари корӣ ба шаҳри Кӯлоб рафта буд.

Котиботи кишвардор хабар дод, ки сафари мазкур бо мақсади шиносоӣ бо рафти корҳои созандагию  ободонӣ, ифтитоҳи як қатор иншоот ва иштирок дар тантанаҳои идонаи бахшида ба 28- солагии Истиқлолияти Тоҷикистон баргузор шуд.

Пешвозу истиқболи бошукӯҳи Раҳмон дар шаҳри Кӯлоб - Акс

Манбаъ афзуд, ки дар фурудгоҳи байналмилалии шаҳри Кӯлоб Эмомалӣ Раҳмон, раисҷумҳури кишварро сокинони шаҳр бо самимияти беандоза ва руҳияи баланди идона истиқбол гирифтанд.

Тақдими мукофот ба нафароне, ки ба пешвози Эмомалӣ Раҳмон баромаданд
"Аз тарафи мақомоти иҷроияи маҳаллии ҳокимияти давлатии шаҳри Кӯлоб ба оннафароне, ки дар чорабиниҳои бахшида ба истиқболи 28-солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва пешвози Пешвои муаззами миллат рӯзҳои 10-11-уми сентябри соли ҷорӣ дар шаҳри Кӯлоб саҳми назаррас гузоштанд, Ифтихорномаҳо ва мукофотҳо тақдим гардид", - омадааст дар хабарномаи равобити умумии мақомоти вилояти Хатлон.

Манбаъ афзуда, ки фаъолони шҳари Кӯлоб дар Қароргоҳи раиси вилояти Хатлон дар шаҳри Кӯлоб зимни вохӯрии Абдуҷаббор Раҳмонзода - ёвари Президенти Тоҷикистон оид ба масъалаҳои иҷтимоӣ ва робита бо ҷомеа, ки ҳамзамон роҳбарии гурӯҳи корӣ оид ба омодагӣ ба 30-солагии Истиқлолияти давлати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар шаҳри Кӯлоб, мукофотонида шудаанд.

Дар ҷаласаи мазкур ҳамчунин муовини якуми раиси вилояти Хатлон Хайрулло Амонулло, раиси шаҳри Кӯлоб Баҳром Иноятзода, муовини вазири мудофиаи Ҷумҳурии Тоҷикистон Бахтиёр Лангариев, сардорон ва роҳбарони ташкилоту муассисаҳои давлатии шаҳриву минтақавӣ, директорони муассисаҳои таълимии олию миёна, раисони ҷамоатҳои деҳот, имомхатибон ва фаъолони шаҳр ширкат кардаанд.