Аз интизорӣ то ашки шодӣ: авфи 2800 зиндонӣ дар Суғд - акс

Субҳи имрӯз, садҳо нафар сокинон аз гушаҳои кишвар ба назди маҳбасхонаҳо дар Хуҷанд ҷамъ омада, дар паи тадбиқ гардидани Қонуни авф, ҳарчи зудтар ба озодӣ баромадани фарзандону пайвандони зиндонишудаи худро интизорӣ мекашиданд
Sputnik

ДУШАНБЕ, 29 окт — Sputnik. Аз таҷаммӯъи зиёди сокинон дида мешуд, ки баъзеҳо барои пешвози наздикони маҳкумгаштаи худ, гулу анвои хурданӣ ва сару либоси тоза оварда буданд.

Моҳира Кенҷаева, сокини шаҳри Исфара дар суҳбат бо Sputnik Тоҷикистон гуфт, барои пешвози фарзандаш ба Хуҷанд омадааст. Ӯ гуфт, ки фарзандаш Искандар соли 2017 бар асоси моддаи 307  - и асноди ҷиноии Тоҷикистон  барои панҷ солу шаш моҳ равонаи зиндон шуд ва ҳоло бар тибқи Қонуни авф, аз ҳабс озод карда мешавад.

Аз интизорӣ то ашки шодӣ: авфи 2800 зиндонӣ дар Суғд - акс
“Ҳоло беҳтарин рӯзи шодии ман аст, ки фарзандам ба озодӣ мебарояд ва ба дидори аҳли оилааш мерасад. Беҳтарин неъмат дар озодӣ зиндагӣ кардан аст”, - гуфт Кенҷаева.

Холаи Моҳира афзуд, баъди ба озодӣ баромаданаш, Искандар ба кори ронандагӣ машғул шуда ва зиндагии худу азъои хонаводаашро аз ҳисоби ин кораш таъмин хоҳад кард. Ба гуфтаи Моҳира фарзандаш, қабл аз замони маҳбасӣ шуданаш, ронандаи як мошини боркаш буду барои мағозаҳо молу маҳсулот мерасонд ва аз ин ҳисоб рӯзии хонаводаро таъмин мекард.

Аз интизорӣ то ашки шодӣ: авфи 2800 зиндонӣ дар Суғд - акс

Назарзода Иброҳим Амонулло, нозири калон оид ба таъмини ҳуқуқи конститутсионии маҳкумшудагон дар Раёсати иҷрои ҷазои Вазорати адлия дар вилояти Суғд, дар суҳбат бо хабарнигорон гуфт, бар асоси  Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон дар бораи авф дар соли 2019  беш аз 2800 нафар онҳое, ки дар Суғд зиндонӣ шуда буданд ва ё айбдору гумонбар ба ҳисоб мерафтанд, авф карда шудаанд.

Афви 434 маҳбус: садҳо нафар барои истиқболи наздиконаш назди зиндони шаҳри Хуҷанд омаданд

"Аз муассисаҳои ислоҳии вилояти Суғд, тавқифгоҳҳои шаҳри Хуҷанд ва шаҳри Истаравшан ва муассисаҳои ислоҳии низомашон пурзӯр ва сахт ва муассисаи ислоҳии сукунатӣ дар ноҳияи Б. Ғафуров дар маҷмӯъ беш аз 2800 нафар маҳкумшудагон, судшавандагон ва айбдоршавандагону гумонбаршудагон озод карда шудаанд, ки шуморе аз авфшудагонро аъзоёни ташкилотҳои экстремистиву террористӣ ташкил медиҳанд”, - гуфт Амонулло.

8 сол доданд, 1 сол шиштам: навори раҳоии нахустин афвшудаҳо-видео

Ба ин тартиб дар рӯзи 29-уми октябр нахуст 55 айбдоршаванда ба ҳисоби 9 зан ва 1 ноболиғ аз тавқифгоҳи шаҳри Хуҷанд, 142 зиндонӣ, аз муассисаи ислоҳии низомаш сахти 3/3 ва 434 маҳбус аз муассисаи ислоҳии низомаш пурзӯри 3/5 дар шаҳри Хуҷанд, авф карда шудаанд.

Ҳамчунин судшавандаҳою айбдоршавандаҳо ва  гумонбаршавандагон аз тавқифгоҳи шаҳри Истаравшан ва муассисаи ислоҳоии сукунатӣ дар ноҳияи Б. Ғафуров ба озодӣ баромадаанд.

Дар баробари боз шудани дари маҳбасхонаҳо ба рӯи зиндониёни авфгашта дар Хуҷанд дида мешуд, ки онҳову пайвандонашон аз дидори ҳам ашки шодӣ мерехтанд.