Қарорҳои Ҳукумат: таъсиси 2 муассисаи нави давлатӣ дар Тоҷикистон

Эмомалӣ Раҳмон, раисиҷумҳури Тоҷикистон, бо имзои қарорҳои Ҳукумат дар кишвар ду муассисаи нави давлатиро таъсис дод, ки яке ба нигоҳубини нақбҳою чароғҳои роҳ ва дигаре ба ҳифзи муҳити зист машғул хоҳад шуд
Sputnik

ДУШАНБЕ, 28 окт — Sputnik. Тибқи қарори Ҳукумат, ки Эмомалӣ Раҳмон моҳи равон имзо кард, дар кишвар муассисаи давлатии Маркази миллии амал барои ҳифзи муҳити зист ташкил гардид.

Сармоядори тоҷик бо харҷи 1 миллиард дар Душанбе корхона месозад: Ҳукумат сабукӣ дод

Ҳукумат ба муассисаи навтаъсис дар шаҳри Душанбе, кӯчаи Шевченко 77, бинои корӣ дода, Кумитаи ҳифзи муҳити зистро муваззаф кардааст, масоили ҳуқуқию ташкилии маркази ҷадидро ҳал намояд.

Инчунин бо қарори дигари Ҳукумат Муассисаи давлатии нигоҳдории нақбҳо, шабакаҳои равшанидиҳӣ ва чароғакҳо дар роҳҳои автомобилии дорои аҳамияти ҷумҳуриявӣ ва байналмилалӣ ташкил ёфт.

Вазорати нақлиёти Тоҷикистон барои ҳалли масоили ташкилию ҳуқуқии муассисаи нави давлатӣ вазифадор шудааст.

СБМ барои таваҷҷуҳ ба занон, тағйири иқлим ва муҳоҷират 200 ҳазор доллар ҷудо кард

Ҳукумати Тоҷикистон ба Вазорати молия дастур додааст, ки маблағгузории муассисаҳои ҷадидро аз ҳисоби маблағҳои пешбинишуда барои ин соҳа таъмин кунад.