Ширкати “AzerGold” минбаъд бо корхонаи “Апрелевка”-и Суғд ҳамкорӣ хоҳад кард

Роҳбарияти ширкати “AzerGold”-и Озарбойҷон зимни мулоқот бо роҳбарияти вилояти Суғд эълон намудааст, ки минбаъд бо корхонаи “Апрелевка” ҳамкориҳояшро ба роҳ хоҳад монд
Sputnik

ДУШАНБЕ, 28 окт — Sputnik. Имрӯз Раҷаббой Аҳмадзода, раиси вилояти Суғд бо Уктам Махмедов ва Шаҳобиддин Мӯсоев, намояндагои  ҶСК “AzerGold” –и Озорбойҷон дидору гуфтугӯ кард, иттилоъ додааст дафтари матбуоти ҳукумати вилояти Суғд.

Раиси вилояти Суғд ба сармоягузорони рус ташкили корхонаҳои коркард пешниҳод кард

Бино бар иттилои манбаъ, раиси вилоят зимни суҳбат иброз дошт, ки дар Тоҷикистон ба рушди соҳаи саноат таваҷҷуҳи хоса зоҳир дода мешавад ва саноатикунонии босуръати кишвар ҳадафи стратегӣ эълон шудааст.

Вай гуфт, дар Тоҷикистон захираҳои бузурги маъдани нуқраву тилло, сурбу руҳ, сурма ва дигар металҳо мавҷуд буда, ба рушди соҳаи саноати куҳӣ ҳамчун соҳаи афзалиятнок диққати махсус дода мешавад.

“Дар вилояти Суғд дар самти истихроҷу коркарди маъданҳои куҳӣ як қатор корхонаҳои муштарак фаъолият дошта, дар рушди иқтисодиёти вилояту ҷумҳурӣ саҳми арзанда мегузоранд”, - зикр намудааст Раҷаббой Аҳмадзода.

Дар навбати худ, намояндагони ширкати “AzerGold”  таъкид доштанд, ки Ҷамъияти саҳҳомии кушодаи “AzerGold” минбаъд бо корхонаи “Апрелевка” ҳамкориҳояшро ба роҳ хоҳад монд.

Инчунини зимни мулоқот тарафҳо дурнамои ҳамкориҳоро баррасӣ намуданд.

Ҷамъияти саҳҳомии кушодаи “AzerGold” яке аз корхонаҳои бузурги саноатӣ буда, ба истихроҷу коркарди маъданҳои куҳӣ машғул аст.