Аз бурди грин-корт то таҳдид ба волидон: дар Маскав финали Лигаи КВН Помир баргузор шуд

Аз лизгинка то версияи помирии Tic-tok, масхараи овозхонони фонограммасарою бурди грин-корт дар даври ниҳоии Лигаи КВН-и Помир тамошобинонро ба ваҷд овард
Sputnik

ДУШАНБЕ, 28 окт — Sputnik, Нилуфар Некқадам. Дар толори консертии "Оркестрион" - и Маскав, шоми 27 октябр даври ниҳоии Лигаи КВН-и Помир - 2019 баргузор шуд. Барои ҷоизаи асосии ин мавсим - 30 ҳазор рубли русӣ чор даста - Made in Pamir, Ростов-папа, Х ва Time Out рақобат карданд.

Барои дастгирӣ ва тамошои КВН мухлисони зиёд аз қабили дӯстон, пайвандон ва ҳамсабақони бозигарон ҷамъ шуданд.

Бархе аз тамошобинон ҳамроҳи кӯдакон ва бо аҳи оила ба КВН омада буданд. Дар байни мухлисон намояндагони дигар миллатҳо низ ба чашм мерасид, ки барои дастгирии ҳамсабақони худ ба КВН омаданд.

КВН-и лигаи Помир дар Маскав: аз шӯхиҳо то ҳунарнамоии писари Муборакшо

Бештари шухиҳои ҳозирҷавобон бо забони русӣ сурат гирифта, танҳо бархе аз онҳо бо забони тоҷикӣ ва англисию забонҳои помирӣ гуфта шуданд.

Дар мавсими нав ҳамагӣ ҳашт даста ҳунару маҳорати худро пешкаши мухлисон ва ҳаводорон гардонида буд: "Взрыватели могза", Made in Pamir, Ростов-папа, Х, Time Out, Горцы, Гуччи банда ва Кофе с молоком. Ба даври ниҳоӣ чор даста - Made in Pamir, Ростов-папа, Х ва Time Out роҳ ёфт.

Ин дастаҳо дар чор бахши даври ниҳоии Лигаи КВН Помир - муаррифӣ, лаҳзаи мусиқӣ, номгузории акс ва саволу ҷавоб бо толор, ҳушёрию зиракии худро нишон доданд.

Дастаи "Русмиҷоз", ки аз тимҳои дӯстдоштаи мардум аст ва мухлисони зиёд дорад, (аз ҳуштаккашии тамошбинон ва овоз додани номи гурӯҳ аён буд- шарҳ аз идора), танҳо ба сифати меҳмон чанд саҳнаеро барои гарм кардани толор пешкаши мухлисон гарониданд.

Аз гуфтори арманӣ то бурди грин-корт ва таҳдид ба волидон

Ҳар як даста кӯшиш мекард бо саҳнаҳои ҷолиб ҷасурию чолокӣ ва ҳушёрию зиракии худро ба ҳакамону тамошобинон нишон диҳад. Ҳунармандон тавонистанд шоми тоҷикони муқими Маскавро ба лаҳзаи хуби истироҳати бофароғат табдил диҳанд. 

Ҳамин тавр, саҳнаи таҳдиди писар ба волидон барои надодани маблағ бар ивази баҳои панҷи ҳунармандони дастаи Made in Pamir, ки аз ҷавонтарин ҳунармандон иборат буд, агар аз як тараф мардумро бо тарзи иҷрои нақш моту мабҳут, карда бошанд, аз тарафи дигар мавзӯи доғи рӯзро аз рӯзгори хонаводаҳои муосир нишон доданд.

"Биёред пулҳоямро- таҳдид мекунад писар бо таппонча". Падару модар ночор пулҳоро бароварда ба писарашон медиҳанд ва фикр мекунанд, ки бо ҳамин ҷанҷол хотима ёфт, вале писар дар охир тарафи падараш мегӯяд, "ман рафтам ба назди бибиии модариям. Ӯ гуфт агар назди бибии падарият наравӣ пул медиҳам", - мегӯяд қаҳрамон.

Дастаи Time Out бо касбияти худ аз дигар тимҳо фарқ мекард. Онҳо бо пешкаши саҳнае, ки дар он ҷуфти ҷавон, грин-корт бурд карда ва барои кӯчидан ба Амрико омодагӣ медиданд, мухлисонро хуб хандонданд. Ҳунармандон аз омехтаи калимаҳои русӣ, тоҷикӣ, шуғнонию англисӣ як муколамаи ҷаззоб омода карданд, ки шоми 27 октябрро ба 1 апрел табдил дод.

Ғолибони КВН-и Помир мукофотро бо дигар дастаҳо тақсим карданд

"Мотат тунд на фючеят на пастат на презент", (Мову ту на ҳозира на гузашта ва на оянда дорем), - мегӯяд дӯстдухтар, ки грин корт бурд кардаасту ҳамакнун ба Амрико рафтанист. Дар охир бо сурудани оҳанги ҳиндӣ ошиқу маъшуқ бо ҳам мемонанд.

Дастаи Х, ки сирф аз ҷинси латиф иборат буд, кӯшиш мекард бо саҳнаҳои худ аз дигар дастаҳо қафо намонад. Саҳнаи амалӣ кардани орзуҳои духтаре аз ҷониби "Ҷин", мардумро ба ваҷд овард, чун ҳам хандаовар ва ҳам тарбиявӣ буд.

"Ҷин ба ман ҳамсари пулдор лозим нест, чун  ҳушу гӯши ӯ фақат ба пул банд хоҳад буд, мехоҳам марди воқеъиро пайдо кунам", - мегӯяд қаҳрамони саҳна.

Дастаи Ростов-папа, ки аз худи Ростов на дону омада буданд, "фишка"-и худро дошт. "Как же южный край без армянина да родные", - (Чигуна мешавад, ки минтақаи ҷанубӣ бе арманиҳо бошад а бародарҳо), - мегуфт бо шӯхӣ духтаре, ки хеле ҷаззоб ба гуфтори арманиҳо тақлид мекард.

Дар умум, ширинии шӯхиҳои Лигаи КВН Помир дар он аст, ки онҳо ҳар як шӯхиро аз таҷрибаи зиндагии маъмулии мардуми Бадахшон ва Тоҷикистон омода мекунанд.

Баҳои ҳакамон ба дастаҳо

Даври ниҳоии Лигаи КВН Помирро шаш довар: президенти Федератсияи муҳоҷирати Русия Вадим Коженов, раиси созмони Нур - Маҳмаднасимов Карамшо, администратори Лигаи КВН Помир - Ҷорубова Фарида, раиси Кумитаи ҷавонон ва варзиши назди созмони Нур - Додихудо Додихудоев, намояндаи созмонҳои ҷамоатии Аълоҳазрат Оқохони IV дар Маскав - Олим Ширинбек ва рэпери ҷавон Амир баҳогузорӣ карданд.

Аз аввал ровии барнома, донишҷӯи РУДН, дандонпизишки ҷавон Усмон Майбалихонов ба гурӯҳҳо ҳушдор дод, ки баҳогузорӣ ҷиддӣ мешавад ва аҳли толорро даъват кард, то ҳамсолони худро дастгирӣ кунанд.

Ба гуфти раиси созмони Нур - Маҳмаднасимов Карамшо мақсади асосии баргузор кардани Лигаи КВН Помир фароҳам овардани шароит барои намоиш додани ҳунару истеъдоди ҷавонони тоҷик дар Маскав мебошад.

"Агар аз як ҷониб ин ҷавонон ҳунари худро пешкаши мардум кунанд аз тарафи дигар барои наврасон ва дигар ҳамсолонашон боиси ибрат хоҳанд шуд. Ин ҷо фикрронии ҷавонон ба таври возеҳ рушд мекунад. Ин барномаест, ки ҷавононро ба ҳам меорад ва миёни онҳо алоқаи зичи дустӣ барпо мекунад, ки аз ҳадафҳои аслии созмони Нур аст", - афзуд Маҳмаднасимов Карамшо дар суҳбат бо Sputnik Тоҷикистон.

Вадим Коженов президенти Федератсияи муҳоҷирати Русия аз баргузории ин гуна чорабиниҳо истиқбол карда, гуфт аз ширкат дар КВН хушҳол аст ва ҳамагонро ба сабқати варзишие, ки авоили моҳи декабр сурат мепазирад, даъват намуд.

Додихудо Додихудоев раиси Кумитаи ҷавонон ва варзиши назди созмони Нур ба ҳунари ҳамаи дастаҳо баҳои баланд дод ва даъват кард, ки дар оянда низ ҳунари худро тақвият диҳанд.

Ҳамин тавр, бо баҳогузории ҳакамон пирӯзӣ дар даври ниҳоии Лигаи КВН Помир -2019 насиби дастаи Time Out шуд.

Нигаронии муҳаррирон аз ҳунарнамоии дастаҳо

Ба гуфти Акмал Дилдорбек, муҳаррири Лигаи КВН Помир ва бозигари пешини дасти Time Out, ки шаш соли охир дар Русия ба сар мебарад ва аз даврони доишҷӯӣ дар Донишгоҳи техникии Тоҷикистон ба номи Осимӣ ва бозӣ дар дастаи "Мужской Манастыр" ба мухисонаш ошност, дастаҳо ба даври ниҳоӣ омодагии ҷиддӣ дида буданд, вале ноқисиҳои техникӣ дар толор дастаҳоро каме нороҳат карданд.

"Имрӯз дастаҳои моро, ки ҳар як узви онҳо хеле интизораш буданд ва ба он омодагии ҷиддӣ дида буданд, нуқсонҳои техникӣ нороҳат кард. Албатта бозигарони дастаи Time Out тавонистанд толорро гарм кунанд, вале дигар дастаҳо низ қобилияту имконият доштанд, ки хубтар бозӣ кунанд", - гуфт Акмал ва изҳори нигаронӣ кард, ки бархе аз гурӯҳҳо дар даври ниҳоӣ саҳнаҳоеро низ нишон доданд, ки аз санҷиши пешакии муҳаррирон нагузашта буд.

Ёсумин муҳаррири дигари Лигаи КВН Помир низ аз ҳунарнамоии дастаҳо изҳори хушнудӣ кард ва изҳори умед намуд, ки дастаҳо дар бозиҳои оянда худро беҳтар нишон хоҳанд дод.

Дар Маскав даври ниҳоии лигаи КВН-и Помир баргузор мегардад

Ба гуфти Акмал Дилдорбек, ки аз аҳволи КВН дар Тоҷикистон низ ба хубӣ воқиф аст, аксари ҳунарнмандони Лигаи КВН Помир ҳунари хуб доранд ва ҳатто дар бозиҳои дигар - берун аз Лигаи КВН Помир дар озмунҳои бонуфузи дохили Русиягӣ ширкат кардаанд. Ӯ мегӯяд, дар нақша ҳаст, чунин ҳунармандон дар оянда низ дастгирӣ шуда, ба сатҳи боз баландтар бароварда шаванд.

"Мо нақша дорем, Худо хоҳад як ҷашнвораи бузург ташкил намоем ва тамоми дастаҳои КВН - и Тоҷикистонро аз Суғду Душанбе ва ВМКБ ба Маскав даъват карда як базми шухӣ барпо кунем", - гуфт Акмал дар суҳбат бо Sputnik Тоҷикистон ва аз пайдо шудан дастаҳои нав дар Тоҷикистон ба мисоли "Территория юмора", gvc_dushanbe ва тарҳи "Дугонаҳо" дар Суғд, истиқбол кард.