Ҷашнҳои рӯзи 27 октябр дар Тоҷикистон ва ҷаҳон

Рӯзи 27 октябр рӯзи ҷаҳонии мероси аудиовизуалӣ буда дар Алҷазоир  — Рӯзи ниҳолшинонӣ ва дар Туркманистон — Рӯзи истиқлол мебошад
Sputnik

Рӯзи 27 октябр дар ҷаҳон чӣ рух дод

Соли 1492 Христофор Колумб Кубаро кашф намуд.

Соли 1858 дар Ню-Йорк калонтарин маркази савдо дар дунё -"Мэйси" дар  масоҳати 20,3 гектар мавриди истифода қарор гирифт.

Ҷашнҳои рӯзи 27 октябр дар Тоҷикистон ва ҷаҳон

Соли 1867 нависанда Лев Толстой романи "Ҷанг ва сулҳ"-ро ба итмом расонд.

Ҷашнҳои рӯзи 27 октябр дар Тоҷикистон ва ҷаҳон

Соли 1951 нахустин маротиба дар ҷаҳон зимни табобати бемории саратон аз радиатсия истифода карда шуд.

Соли 1982 Ҷумҳурии Мардумии Чин эълон кард, ки шумораи аҳолияш  ба 1 млрд нафар расид.

Ҷашнҳои рӯзи 27 октябр дар Тоҷикистон ва ҷаҳон

Соли 2014 Президенти Федератсияи байналмилалии футбол (ФИФА) Йозеф Блаттер дар робита ба ғалабаи дастаи "Истиқлол" — и Душанбе дар Чемпионати Тоҷикистон – 2014  ба унвони Федератсияи футболи Тоҷикистон мактуби табрикотӣ ирсол намуд.

Ҷашнҳои рӯзи 27 октябр дар Тоҷикистон ва ҷаҳон

Рӯзи 27 октябр дар Тоҷикистон чӣ рух дод

Соли 2014 дар пойтахти Тоҷикистон намоиши аксҳои «Дастовардҳои Душанбе» баргузор гардид.

Соли 2013 дар маркази ноҳияи Фархор бо иштироки Эмомалӣ Раҳмон варзишгоҳи нави марказӣ мавриди баҳрабардорӣ қарор гирифт.

Соли 2012 ифтитощи нақби мошингарди "Шаҳристон".

Соли 2014 дар бӯстонсарои шаҳрии Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон  — "Кохи Сомон" бо иштироки Эмомалӣ Раҳмон нахустин Форуми сармоягузории Созмони ҳамкории исломӣ (СҲИ) барои кишварҳои Осиёи Марказӣ баргузор гардид.

Ҷашнҳои рӯзи 27 октябр дар Тоҷикистон ва ҷаҳон

Соли 2015 Эмомалӣ Раҳмон барои иштирок дар тантанаҳои идона бахшида ба 3000-солагии Ҳисор ва ифтитоҳи иншооти зиёди ҷашнӣ ба ин мулки зарнисор ташриф оварда, чойхонаи ғайриодӣ ва боҳашамати миллиро ифтитоҳ намуданд, ки аз ҷиҳати услубу шакл дар миқёси олам ҳамто надорад.

Ҷашнҳои рӯзи 27 октябр

  • Рӯзи ҷаҳонии мероси аудиовизуалӣ.
  • Дар Алҷазоир  — Рӯзи ниҳолшинонӣ.
  • Дар Туркманистон — Рӯзи Истиқлолият.

Рӯзи 27 октябр дар Тоҷикистон кӣ ба дунё омадааст

Соли 1939  – доктори илмҳои физика ва математика, профессор Исмоилҷон Исмоилов.

Соли 1964  – раққоса Хайриниссо Файзуллоева.

Соли 1965  – олими тибб Акбар Зарифов.