Рушди 8,8 дарсадии саноати Хатлон: истеҳсоли чӣ зиёд шуд?

Кормандони соҳаи саноати вилояти Хатлон дар давоми 9 моҳи соли равон ба маблағи 5 миллиарду 786 миллион сомонӣ маҳсулоти саноатӣ истеҳсол намудаанд
Sputnik

ДУШАНБЕ, 27 окт — Sputnik.  Тибқи иттилои дафтари матбуоти ҳукумати вилояти Хатлон, ҳаҷми истеҳсол нисбати ҳамин давраи соли гузашта ба қадри 570,4 миллион сомонӣ зиёд ва суръати афзоиш бо нархҳои қиёсӣ дар сатҳи 8,8 фоиз таъмин гардид.

Раиси вилояти Суғд ба сармоягузорони рус ташкили корхонаҳои коркард пешниҳод кард

“Дар ҳаҷми умумӣ, ҳиссаи саноати коркард - 45,6 фоиз, саноати истихроҷи маъдан - 4,4 фоиз, истеҳсоли неруи барқ ва газ - 48,4 фоиз, тақсимоти неруи барқ, газ ва дигар хизматрасонӣ - 3,6 фоизро ташкил дод”, - омадааст дар иттилоия.

Манбаъ афзуд, ки дар вилоят аз ҷумла истихроҷи нафт ва гази табиӣ - 118,0 фоиз, истихроҷи ҳаргуна канданиҳои фоиданок - 118,0 фоиз, истеҳсоли маводи хӯрока, нӯшокиҳо - 122,7 фоиз, нӯшокиҳои спиртдор - 102 фоиз, нӯшокиҳои беспирт - 106,6 фоиз, дӯзандагӣ - 109,3 фоиз, коркарди чӯбу тахта ва маснуоти чӯбин - 131,2 фоиз, табъу нашр - 101,0 фоиз, истеҳсоли маҳсулоти кимиёвӣ - 3 баробар, маснуоти резинӣ ва пластмассӣ - 116,2 фоиз, маҳсулоти ғайрифилизии маъданӣ - 114,7 фоиз, маснуоти тайёри филизӣ - 104,1 фоиз, истеҳсоли таҷҳизоти барқӣ - 159,9 фоиз, маснуоти мебелӣ - 132,2 фоиз, истеҳсоли нерӯи барқ - 112,6 фоиз ва тақсомоти нерӯи барқ - 115,9 фоиз афзоиш ёфтааст.

Раҳмон гуфт, сарулибосаш хориҷист: супориш барои ислоҳи вазъ

Таъкид шудааст, ки саноатчиёни вилояти Хатлон барои афзоиши истеҳсоли маводи ғизоӣ бо роҳандозӣ намудани коркарди маҳсулоти аввалия то зинаи охир ва имконияти истеҳсоли маҳсулоти воридотивазкунанда як қатор корҳоро амалӣ карданд.

Ҳукумати Хатлон зикр кардааст, ки дар доираи “Барномаи рушди иҷтимоиву иқтисодии вилояти Хатлон барои солҳои 2016-2020” афзоиши ҳаҷми маҷмӯи маҳсулоти саноатии вилоятро то соли 2020 дар қиёс бо давраи то барномавӣ дар сатҳи 5,3 баробар пешбинӣ шудаст.