Президент гуфт, муҳоҷирони тоҷик кам шудаанд: заҳмат кашем, ки мардум саргардон нагарданд

Эмомалӣ Раҳмон, раисиҷумҳури Тоҷикистон, гуфт, бояд дар дохили кишвар шароити хуби корӣ фароҳам шавад, то мардум дар муҳоҷират сарсону саргардон нагарданд
Sputnik

ДУШАНБЕ, 27 окт — Sputnik. Раисиҷумҳури Тоҷикистон ҳафтаи равон дар мулоқот бо кормандони иттифоқҳои касаба изҳор дошт, ки дар се соли охир шумораи шахсоне, ки ба муҳоҷирати меҳнатӣ ба хориҷа мераванд, 25 фоиз кам гардид.

Раҳмон: муҳоҷирон кам шудаанд. Путин: 1,2 миллионанд: суҳбат аз теъдоду пулашон – видео

Эмомалӣ Раҳмон тавзеҳ дод, ки рушди иқтисодиёт, ташкили ҷойҳои нави корӣ, бунёди корхонаҳои саноатӣ ва ба як сатҳи муайян баромадан дар самти истиқлолияти энергетикӣ имконият дод, ки шумораи муҳоҷирони меҳнатии Тоҷикистон дар хориҷи кишвар поён фароварда шавад.

“Ин бисёр муваффақияти калон аст, лекин боз ҳам дар ин ҷода кор карда, заҳмат кашидан даркор, ки бештар дар дохили кишвар шароити корӣ хуб бошад. Истеҳсолотро ҷорӣ кунем, ки мардум мардуми мо сарсону саргардон нагарданд”, - изҳор дошт Эмомалӣ Раҳмон.

Тибқи маълумоти мақомоти тоҷик, дар нуҳ моҳи соли равон 411 ҳазору 344 нафар шаҳрванди Тоҷикистон, аз ҷумла 58 ҳазору 868 нафар бону бо мақсади муҳоҷирати меҳнатӣ ба хориҷа сафар кардаанд. Ин нишондод нисбат ба ҳамин давраи соли гузашта 86 ҳазору 108 кас ё ин ки 26 дарсад зиёд буда, дар муқоиса ба ҳамин давраи соли гузашта муҳоҷирати мардон 25 фоиз ва занон 34 фоиз афзудааст.