Нигина Амонқулова ба пахтачинӣ рафт - акс

Сарояндаи номии тоҷик Нигина Амонқулова низ дар баробари дигар овозхонони тоҷик ба пахтачинӣ рафт. Аз ҷараёни пахтачинӣ сароянда аксеро нашр кардааст
Sputnik

ДУШАНБЕ, 27 окт — Sputnik. Нигина Амонқулова дар саҳифааш дар Instagram дар бораи пахтачинияш хабар додааст.

Ӯ аксеро аз ҷараёни пахтачинияш нашр карда дар шарҳи он навиштааст "Пахта мечинам".

Пахтачинии сарояндагон вақтҳои охир ба анъана даромадааст.

Ахиран дар мавзеи Офтобаки хоҷагии "Кӯлоб"-и ноҳияи Вахш ҳашари умумии ҷамъоварии пахта сурат гирифт, ки дар он роҳбарияти мақомоти вилояти Хатлон, собиқадорони меҳнат, ҳунармандони саршиноси Тоҷикистон ширкат карданд.

Дар маъракаи ҷамъоварии ҳосили пахта ҳунармандони маъруфи хатлонӣ - Ҳунарпешаи халқии Тоҷикистон Муҳаммадалӣ Аюбӣ, Ҳунарпешаи шоистаи Тоҷикистон Саидалӣ Сабзов, Аълочиёни фарҳанги ҷумҳурӣ Отахон Саидов ва Ойимгул Давлатова иштирок намуданд.

Бо ибтикори Идораи телевизион ва радиои вилоят дар саҳро сабқати телевизионии "Як соат дар саҳро" доир низ шуд, ки дар он кормандони Раёсати ҷавонон ва варзиши вилояти Хатлон дастболо гардиданд.

Қобили зикр аст, ки иқдоми "60 рӯзи меҳнати зарбдор дар пахтазор" бо ибтикори раиси вилояти Хатлон Қурбон Ҳакимзода бо мақсади ҷамъоварии саривақтӣ ва беталафи ҳосили пахта эълон гардидааст.

Ин маърака то 16 ноябр - Рӯзи Президент идома карда, фаъолону ғолибон аз ҷониби мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии вилоят қадрдонӣ хоҳанд шуд.