Дониши имомхатибҳо бештар шуд: ҷалби 1352 имомхатиб ба курсҳои бозомӯзӣ

Кумитаи дин, танзими анъана ва ҷашну маросими Тоҷикистон таъкид намудааст, ки курсҳои бозомӯзӣ ва такмили ихтисос барои ходимони дин ба хотири баланд бардоштани маърифати ҳуқуқӣ ва динии имомхатибон мебошад
Sputnik

ДУШАНБЕ, 26 окт — Sputnik. Бино бар иттилои Кумитаи дини Тоҷикистон, Дар 10 моҳи соли ҷорӣ 1352 нафар имомхатиб ба курси бозомӯзӣ ҷалб гардидааст.

Барканории 35 имомхатиб дар Тоҷикистон

Тавре манбаъ қайд намудааст, ҳадафи аз баргузории курсҳои бозомӯзӣ ва такмили ихтисос барои ходимони дин, ин баланд бардоштани маърифати ҳуқуқӣ ва динии имомхатибон мебошад.

Бино бар иттилои манбаъ, дар раванди баргузории курсҳои бозомӯзӣ ба имомхатибон намояндагони Дастгоҳи иҷроияи Президенти Тоҷикистон, Кумитаи дин, Маркази исломшиносӣ, Маркази исломии Тоҷикистон ва дигар ниҳодҳои дахлдор дарс доданд.

"Мавзӯи асосии чунин дарсҳоро риояи талаботи Конститутсия, қонунҳои соҳавӣ, ҳадафҳои стратегии Тоҷикистон, масоили марбут ба солҳои рушди деҳот, сайёҳӣ ва ҳунарҳои мардумӣ, сиёсати давлатӣ дар соҳаи дин, ҳуқуқ ва озодиҳои асосии динии шаҳрвандони ҷумҳурӣ, таҳаммулгароиву инсондӯстӣ ва пешгирии табъизи шахсони мубталои бемориҳои сироятӣ, мазаммати нашъамандӣ ва хариду фурӯши одамон, нақши занон дар ҷомеа, баробарҳуқуқии мардону занон, солимии репродуктивӣ ва банақшагирии оила, пешгирии зуровариву хушунат дар оила, инчунин худкушӣ, махсусан миёни духтарону занон ташкил дод", таъкид намудааст манбаъ.

Инчунин Кумита зикр намудааст, ки дар 10 моҳи соли равон сархатибон ва имомхатибону имомон аз шаҳри Душанбе, шаҳру ноҳияҳои Кӯлоб, Бохтар, Данғара, Муъминобод, Ховалинг, Ш.Шоҳин, Восеъ, Қубодиён, Панҷакент, Айнӣ, Зафаробод, Деваштич, ВМКБ, Нуробод, Роғун, Варзоб, Сангвор, Балҷувон, Темурмалик, Исфара, Истқлол, Гулистон, Куҳистони Мастчоҳ, Ҷаббор Расулов, Спитамен ва Ашт, инчунин халифаҳои ВМКБ дар курсҳои омӯзишӣ штирок намудаанд.

Ҳамзамон, 1352  ходими дин дар ҳошияи семинар-машварати омӯзишӣ аз мавзеъҳои шаҳри Душанбе, Муассисаи давлатии осорхонаи миллии Тоҷикистон ва хона-музейи ба номи С.Айнӣ дидан намуданд.

Манбаъ қайд намудааст, ки дар анҷоми курси бозомӯзӣ ба ходимони дин гувоҳнома тақдим карда шуд.