Даҳшат: кӯдак дар пеши чашми модар ба чоҳ сарозер шуд - видео

Кӯдак дар пеши чашми модараш ба чоҳ сарозер шуд. Ин ҳодисаи мудҳиш дар яке аз боғҳои Татаристон рух додааст
Sputnik

ДУШАНБЕ, 25 окт — Sputnik. Дар шабакаҳои иҷтимоӣ наворе паҳн шудааст, ки дар он кӯдак дар назди модараш ба чоҳ сарозер мешавад.

Навор дар гурӯҳи "Набережные Челны Life" дар "ВКонтакте", нашр шудааст.

Аз навор дида мешавад, ки як зан дар даст коляска ҳамроҳи кӯдакаш гашту гузор мекунад. Модар мебинад, чигуна кӯдак ба болои сарпӯши чоҳ мебарояд. Ногаҳон сарпӯши оҳанини чоҳ тоб мехӯрад ва кӯдак ба дохили чоҳ сарозер мешавад.

Даҳшат: гурбаи баҳрӣ духтаракро "фурӯ" бурд - Видео

Ҳодисаи мудҳиш дар метро: марди аз ҳуш рафта, як мусофирро зери қатор партофт - навор

Модар дарҳол ба ёрии писараш мешитобад ва чанде аз шоҳидони ҳол низ ба сари чоҳ мерасанд. Дар ҳамин ҳол хушбахтона даст медиҳад, то кӯдак аз қаъри чоҳ бароварда шавад.

Корбарони интернет мегӯянд ин ҳодиса дар Татаристон рух додааст. Дар бораи аҳволи кӯдак чизе гуфта нашудааст.

Мақомоти қудратӣ, дар Татаристон ба вуқӯъ пайвастани ин ҳодисаро таҳқиқ мекунад.

Руслан Галиев ёвари муфаттиш дар суҳбат бо РИА Новости гуфтааст, ки агар маълум шавад, ки ин ҳодиса дар ҳудуди Татаристон рух додааст, фаъолияти хадамоти коммуналӣ санҷида хоҳад шуд.