Ҷашнҳои рӯзи 24 октябр дар Тоҷикистон ва ҷаҳон

Рӯзи 24 октябр Рӯзи Созмони Милали Муттаҳид, Рӯзи байналмилалии иттилоот оид ба рушд ва Рӯзи байналмилалии мубориза алайҳи фалаҷ мебошад
Sputnik

Рӯзи 24 октябр дар ҷаҳон чӣ рух дод

Соли 1897 - дар шаҳри Санкт- Петербург нахустин бозии футбол баргузор гардид.

Соли 1945 - оинномаи Созмони Милали Муттаҳид қабул гардид.

Ҷашнҳои рӯзи 24 октябр дар Тоҷикистон ва ҷаҳон

Соли 2005 -  дар ҷаҳон нахустин қаторае ба фаъолият оғоз намуд, ки бо гази табиӣ кор мекард. 

Соли 1857 -  хатмкунандагони Донишгоҳи Кембриҷ дар шаҳри Шеффилди Англия аввалин шуда, дар ҷаҳон дастаи футбол таъсис доданд.

Ҷашнҳои рӯзи 24 октябр дар Тоҷикистон ва ҷаҳон

Соли 1996 - дар ҷануби Ветнам бар асари омадани сел 118 нафар ҷони худро аз даст доданд.

Соли 1986 - дар Лондон нахустин мағозаи фурӯши пластинаҳои мусиқие, ки дар он садо сабт менамуданд, ба фаъолият оғоз намуд.

Соли 2000 - дар осорхонаи мисрии Берлин ягона соядасти Клеопатра дар ҷаҳон пайдо карда шуд.

Рӯзи 24 октябр дар Тоҷикистон чӣ рух дод

Соли 2012 дар шаҳри Хелсинки раисҷумҳури Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон бо Ваколатдори парлумони Финландия оид ба ҳуқуқи инсон Петри Яааскела мулоқот намуданд.

Ҷашнҳои рӯзи 24 октябр дар Тоҷикистон ва ҷаҳон

Соли 2013 дар шаҳри Минск  Эмомалӣ Раҳмон дар маросими ифтитоҳи бинои нави Сафорати Тоҷикистон дар Ҷумҳурии Беларус иштирок карда, дар ҳудуди он бо тоҷикон ва ҳамватанони муқими Беларус мулоқот намуданд.

Ҷашнҳои рӯзи 24 октябр дар Тоҷикистон ва ҷаҳон

Соли 2016 вазъ ва дурнамои ҳамкории байнидавлатӣ ва байни ниҳодҳои амниятии Тоҷикистону Қазоқистон баррасӣ гардид.

Соли 2012 вазъи вақт ва дурнамои ҳамкории Тоҷикистону Финландия баррасӣ шуданд.

Соли 2015 Изҳороти муштарак оид ба шарикӣ миёни Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Япония ба имзо расид.

Ҷашнҳои рӯзи 24 октябр дар Тоҷикистон ва ҷаҳон

Ҷашнҳои рӯзи 24 октябр

Рӯзи Созмони Милали Муттаҳид.

Рӯзи байналмилалии иттилоот оид ба рушд.

Рӯзи кормандони дипломатии Қирғизистон.

Рӯзи 24 октябр дар Тоҷикистон кӣ ба дунё омадааст

Солҳои (1914 - 1989)  - Ҳунарманди хизматнишондодаи Тоҷикистон Ҳалим Тоҳиров.

Соли 1957 - бостоншинос Набиҷон Раҳимов.

Соли 1973 - раққосаи машҳури тоҷик Дилором Сатторова.