Тарроҳони эстонӣ аз миллипӯшии занони тоҷик дар ҳайрат монданд

Тарроҳбуни эстонӣ, ки дастранҷи худро дар намоишгоҳе дар шаҳри Душанбе ба маърази тамошо гузоштаст, мегӯяд ба бисёр кишварҳо сафар намудаст, аммо дар ҳеҷ як кишвар ин қадар бонувони зиёдро бо либоси миллӣ надидааст
Sputnik

ДУШАНБЕ, 23 окт — Sputnik.  Дар меҳмонхонаи Авестои шаҳри Душанбе феълан намоиши муди эстонӣ бо номи "Ман эстонбунуям" ҷараён дорад.

Ҳузури панҷ корхонаи нассоҷии Тоҷикистон дар намоишгоҳи “Текстиллегпром”-и Маскав

Ба иттилои Вазорати фарҳанги Тоҷикистон, намоишгоҳи мазкур рӯзи 19 октябр ифтитоҳ гардида то 30 - юми ҳамин моҳ идома меёбад.

Дар Бадахшон ба хотири гиромидошти Суфӣ Муборакқадам намоиши ҳунарҳои маҳаллӣ баргузор шуд

Дар намоиши мазкур, ки дар 30 кишварҳои ҷаҳон баргузор гардидааст, зиёда аз 20 тарҳи гуногуни либоси муосири бонувони эстонӣ, ки бо истифода аз анъана ва унсурҳои миллии либосдӯзӣ таҳия шудаанд, дар намуди аксҳо манзури мухлисони муд гардидаанд.

Ану Хинт тарроҳи муваффақи эстонӣ, ки бо дастранҷҳои худ дар кори намоишгоҳ ширкат мекунад, аз миллипӯшии занони тоҷик ангушти ҳайрат мегазад.

Марг дар саҳна: мудел ба банди пойафзол печиду даргузашт-видео

Ӯ мегӯяд,  бори аввал меҳмони Тоҷикистон шудааст ва тарзи либоспӯшии занони тоҷик барояш бисёр писанд омадааст.

"Ман дидам, ки бонувони тоҷик пӯшидани либоси миллиро дӯст медоранд. Дар кӯчаҳо чунин бонувонро хеле бисёр вохӯрдем ва ин маро ба ҳайрат гузошт", - афзудааст Хинт.

Зимнан ин тарроҳи эстонӣ илова намудаст, ки дар бисёр кишварҳои ҷаҳон сайру саёҳат намудаст, аммо дар ҳеҷ як кишвар ин қадар занони миллипӯшро надидааст.