ДУШАНБЕ, 23 окт — Sputnik. Ба иттилои Кумитаи ҳолатҳои фавқуллодаи Тоҷикистон, санаи 20 октябри соли равон наҷотдиҳандагон хабари ба ҷари сарозер шудани як чӯпон аз шаҳри Ваҳдатро дарёфт намуданд.
Манбаъ меафзояд, пас аз дарёфт намудани хабари мазкур, кормандони наҷот ба ҷойи ҳодиса ҳозир шуда, бо ёрии таҷҳизоти кӯҳгардӣ ва занбар, чӯпони 41 - соларо аз умқи беш аз 15 метр боло оварданд.
КҲФ: ду кӯҳанаварди рус пас аз 19 соати ҷустуҷӯ дар қаторкӯҳҳои Фон пайдо шуданд
Гуфта мешавад, ҳангоми ба ҷарӣ сарозер шудан дасти чӯпон шикастаст.
Зимнан, чӯпонро пизишкони мошини ёрии таъҷилӣ ба беморхона интиқол доданд.
Феълан, чӯпон дар бемористон қарор дорад ва табибон вазъи саломатии ӯро мӯътадил арзёбӣ мекунанд.