Ҷашнҳои рӯзи 23 октябр дар Тоҷикистон ва ҷаҳон

Рӯзи 23 октябр рӯзи байналмилалии бабри барфӣ ва рӯзи кормандони реклама дар Федератсияи Русия мебошад
Sputnik

Рӯзи 23 октябр дар ҷаҳон чӣ рух дод

Соли 1776 дар натиҷаи инфиҷори вулқони Майон (ҷазираи Лусон, Филиппин) 2000 ҳазор нафар ҷони худро аз даст доданд.

Ҷашнҳои рӯзи 23 октябр дар Тоҷикистон ва ҷаҳон

 

Соли 1814 дар Англия аввалин ҷарроҳии пластикӣ гузаронида шуд.

Соли 1946 иҷлосияи нахустини СММ баргузор шуд.

Соли 2000 олимони донишгоҳи Пенсилвания бактерияҳои қадимтаринеро кашф намуданд, ки қариб 250 миллион сол доштанд.

Соли 2000 бостоншиносони Чин осорхонаи мусиқиеро пайдо намуданд, ки он 2 ҳазор сол пеш дар замони сулолаи Хон сохта шуда буд.

Соли 2013 дар кинотеатри "Ҷомӣ" ҳафтаи филмҳои полшагӣ кушода шуд.

Ҷашнҳои рӯзи 23 октябр дар Тоҷикистон ва ҷаҳон

 

Рӯзи 23 октябр дар Тоҷикистон чӣ рух дод

Соли 2012 Президенти Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон бо сафари расмӣ вориди шаҳри Хелсинки – пойтахти Финландия шуданд.

Соли 2013 Эмомалӣ Раҳмон доир ба таҷлили 3000-солагии Ҳисор машварати корӣ доир намуданд.

Соли 2015 дар шаҳри Душанбе ҷаласаи чордаҳуми Комиссияи байниҳукуматии Тоҷикистону Қирғизистон оид ба баррасии маҷмӯи масъалаҳои дуҷониба доир гардид.

Соли 2015 дар шаҳри Душанбе конфронси илмӣ-амалии "Тартиби ҳуқуқии Тоҷикистон ва мамлакатҳои ИДМ: вазъ ва дурнамо" баргузор гардид.

Ҷашнҳои рӯзи 23 октябр

  • Рӯзи байналмилалии бабри барфӣ.
  • Рӯзи кормандони реклама дар Русия.

Рӯзи 23 октябр дар Тоҷикистон кӣ ба дунё омадааст

Соли 1956 - ноиби сарвазири пешини ҶТ Руқия Қурбонова.

Рӯзи байналмилалии бабри барфӣ

Бабри барфӣ ё Озодапанг аз ҳайвоноти нодири Тоҷикистон ба шумор меравад ва ба китоби сурхи Тоҷикистон дохил карда шудааст.

Ҷашнҳои рӯзи 23 октябр дар Тоҷикистон ва ҷаҳон

Дар Тоҷикистон ҳудуди зисти ин ҷонвар 86 ҳазор метри мукаабро ташкил дода, 70 дарсади макони зисти он дар шарқи Бадахшон ҷойгир аст.

Ин ҳайвони нодир то баландиҳои 5 ҳазору 500 метр аз сатҳи баҳр ва ҳатто аз он ҳам баландтар сукунат дорад.

Ҷашнҳои рӯзи 23 октябр дар Тоҷикистон ва ҷаҳон

Ин ҷонвар ба сардии ҳаво тобовар аст, аз ин рӯ онро бабри барфӣ ном мебаранд. Аммо баъзан ба иллати сербарфӣ дар ҷустуҷӯи ғизо ба маҳаллаҳои аҳолинишин низ мефарояд.

Паланг дар Бартанг 12 сар гӯсфандро хӯрду ба дом афтод - видео ва аксҳо

Зебогии андом, пӯсти мулоим ва ранги ҷолибаш ӯро тӯъмаи шикорчиён мегардонад.

Мутобиқи қонунҳои амалкунандаи Ҷумҳурии Тоҷикистон, барои шикори ғайриқонунии озодапаланг 9 ҳазор сомонӣ ҷарима муқаррар гардидаст.