ДУШАНБЕ, 23 окт — Sputnik. Файзиддин Қаҳҳорзода, вазири молияи Тоҷикистон зимни шарҳи созишномаи мазкур ба вакилони парлумон гуфт, маблағи умумии он 58 миллион доллари амрикоиро ташкил медиҳад.
Манбаъ афзуд, ки лоиҳаи "Обтаъминкунӣ ва беҳдошт дар деҳот" аз се қисмат иборат буда, навоҳии вилояти Хатлонро фаро мегирад.
"Давоми солҳои татбиқи лоиҳа корҳои зиёде, ба монанди бо оби ошомиданӣ таъмин намудани 426 маҳалли аҳолинишини дар гурӯҳи ноҳияҳои минтақаи Вахш тавассути сохтмони 445 километр шабакаи обрасонӣ, таъмин намудани 54 маҳали аҳолинишини ноҳияи Восеъ бо оби тоза тавассути барқарорсозии зиёда аз 150 километр шабакаи обтаъминкунӣ, инчунин сохтмони иншооти беҳдошти санитарӣ ва утоқҳои санитарию гигиенӣ дар 150 муассисаи таълимӣ ва 50 муасисаи тандурустӣ пешбинӣ шудааст", - хабар додааст “Ховар” аз қавли Файзиддин Қаҳҳорзода.
Радабандии кишварҳои ҷаҳон аз рӯи камбуди об: Тоҷикистон дар кадом зина аст?
Манбаъ афзуд, ки бо татбиқи ин лоиҳа дастрасии аҳолии шаҳру ноҳияҳои Кӯшониён, Вахш, Ҷалолиддини Балхӣ, Леваканд, Дӯстӣ, Ҷайҳун ва Восеи вилояти Хатлон бо оби ошомиданӣ ва хизматрасонии обу беҳдошт таъмин мегардад.
Татбиқи лоиҳаи мазкур соли 2019 оғоз гардида, то соли 2025 идома меёбад ва дар назар аст, ки тайи ин муддат дастрасии беш аз 1 миллион нафар аҳолии Хатлон ба оби ошомиданӣ таъмин гардад.