Таъсиси гуруҳи корӣ барои таҳияи қоидаҳои нави имлои забони тоҷикӣ

Дар Тоҷикистон барои таҳияи лоиҳаи нави “Қоидаҳои имлои забони тоҷикӣ”, гуруҳи корӣ таҳти роҳбарии академик Абдуҷаббор Раҳмонзода, ёрдамчии раисиҷумҳури Тоҷикистон дар бахши рушди иҷтимоӣ ва робита бо ҷомеа таъсис ёфт
Sputnik

ДУШАНБЕ, 23 окт — Sputnik. Гуруҳи корӣ дар Кумитаи забон ва истилоҳоти назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ташкил шуда, ба ҳайати он олимони забоншиноси Академияи илмҳо, пажӯҳишгоҳҳои соҳавӣ ва донишгоҳу донишкадаҳои олии ҷумҳурӣ шомил шуданд, хабар додааст “Ховар”.

Пешниҳод ба Ҳукумат: Раҳмон баҳсҳоро нолозим, имлоро нофаҳмо ва грамматикаро куҳна хонд

“Гурӯҳи корӣ барои баррасӣ ва омӯзиши лоиҳаи нави “Қоидаҳои имлои забони тоҷикӣ”, ки аз ҷониби Кумитаи забон ва истилоҳоти назди  Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон бо ҷалби мутахассисони забоншинос ва олимон таҳия гардида буд, супориш гирифта, ҳамзамон вазифадор карда шуд, ки  таклифу пешниҳодоти мутахассисони забондон ва кафедраҳои забоншиносии мактабҳои олии мамлакатро дар муддати ду ҳафта мавриди баррасӣ  қарор диҳад”, - омадааст дар иттилоия.

Ин дар ҳолест, ки Эмомалӣ Раҳмон, раисиҷумҳури Тоҷикистон моҳи равон дар суханронияш бахшида ба Рӯзи забони тоҷикӣ гуфт, ихтилофу духӯрагиҳои қоидаҳои имлои забон боиси баҳсу мунозираҳои нолозим мешаванд.

Ба гуфтаи Эмомалӣ Раҳмон, ихтилофи баъзе бандҳои қоидаҳои имлои забони тоҷикӣ барои таҳияи барномаи компютерии “Санҷиши дурустнависии калимаҳои тоҷикӣ” низ мушкил эҷод кардааст.

“Помир маро мафтун кард”: блогердухтар мухлисонашро ба омӯзиши забони шуғнонӣ даъват кард

“Барои ҳалли ин ва дигар мушкилот бояд сараввал камбудиву духӯрагиҳои ҷиддие, ки дар қоидаҳои имлои забони тоҷикӣ ба назар мерасанд, ислоҳ карда шаванд. Зеро вазъи номуайяни қоидаҳои имлои забони тоҷикӣ ва возеҳу равшан набудани бисёр бандҳои он боиси баҳсу мунозираҳои нолозим шуда, ба сатҳи саводнокии мардум, махсусан, насли наврасу ҷавон таъсири манфӣ расонида истодааст”, - таъкид намуд Эмомалӣ Раҳмон.

Раисиҷумҳур дар идома ба Академияи илмҳо, академияҳои соҳавӣ, Кумитаи забон ва истилоҳот, Вазорати маориф ва илм, Иттифоқи нависандагон ва сохторҳои марбутаи Дастгоҳи иҷроияи Президент супориш дод, ки “Қоидаҳои имлои забони тоҷикӣ” - ро бо дарназардошти ислоҳи камбудиву мушкилоти дар онҳо ҷойдошта, то моҳи январи соли 2020 барои тасдиқ ба Ҳукумати мамлакат пешниҳод намоянд.