Суҳбати исломшиноси №1: коҳиши динзадагӣ, имомҳои тасодуфӣ ва фаҳмондан ба ҷои манъкунӣ

Файзулло Баротзода, мудири Маркази исломшиносии назди раисиҷумҳури Тоҷикистон, мегӯяд, масҷидҳои панҷвақта дар кишвар беназорат мондаанду шахсони тасодуфӣ имоми пешгузар мебошанд, ки ин хатарнок аст
Sputnik

ДУШАНБЕ, 23 окт — Sputnik. Ба иттилои Баротзода, таъмини кадрҳои хуби тахассусӣ ва озмуда дар масҷидҳои ҷомеъ қаноатбахш мебошад, вале дар масҷидҳои панҷвақта вазъият ногувор ва бе назорат боқӣ мемонад.

Ҳоҷӣ Мирзо ва губернатор нахустин масҷиди ҷомеи вилояти Яҳудиёни Русияро кушоданд-видео

“Дар баъзе масҷидҳо, мутаассифона, шахсони тасодуфӣ имоми пешгузар мебошанд ва ин ҳолат дар ташаккули фазои динию мазҳабӣ ва идеологӣ зиёновар ва хатарнок шуда метавонад. Хоҳ-нохоҳ шахсоне, ки барои ибодат ба чунин масҷидҳо мераванд, аз мавъиза ва амри маъруф­ҳои бемантиқ ва ғайритахассусии онҳо баҳравар мешаванд. Аз ин рӯ, тарбияи кадрҳои босавод дар ин самт барои андешидани чораҳои таъ­хир­но­пазир ниёз дорад”, - изҳор доштааст мудири Маркази исломшиносии назди раисиҷумҳур дар суҳбат бо “Ховар”.

Ӯ афзудааст, ки маърифати динии оммаи мардум ба талаботи замони муосир ҷавобгӯ нест.

“Ҳарчанд аксари аҳолии Тоҷикистон пайрави мазҳаби ҳанафӣ мебо­шанд, вале дар байни онҳо рағбати афзун намудан ва сайқал додани донишҳои зарурӣ дар бобати маърифати динӣ эҳсос намешавад”, - изҳори нигаронӣ намудааст Баротзода.

Сиёсати давлатӣ: фаҳмондадиҳӣ ба ҷои манъкунӣ

Ӯ зимни суҳбат дар бораи татбиқи консепсияи сиёсати давлатӣ дар соҳаи дин таъкид намудааст, ки “ҳоло ҳама гуна роҳу усулҳои манъкуниро таҷрибаи пешгирӣ кардани таассуби динӣ аз тариқи корҳои фаҳмондадиҳӣ ва корбариҳои оперативӣ иваз намудааст. Чунин тарзи масъалагузорӣ бо роҳи тарғибу ташвиқи дурус­ти ҳадафҳои нопоки ҳизбу созмонҳои зараровар имкон фароҳам овард, ки андешаи хурофотӣ ва ифротгароии динӣ аз мафкураву ҷаҳонбинии ҷомеа тадри­ҷан берун андохта шавад. Ин иқдомро идома додан ба манфиати кор аст”.

Динзадагӣ ва шефтаи масҷиду меҳроб будан кам шудаст

Баротзода инчунин изҳор доштааст, ки ҳоло раванди динзадагӣ ва шефтаи масҷиду меҳроб будан дар ҷомеаи мо тамоюли пастравӣ дорад. Ӯ дар идома аз амалиёти чандрӯзаи ба гуфтааш “Манбаи сулҳ” дар минтақаҳои ҳаммарзи Туркия ва Сурия зикр кардааст. Ба ақидаи Баротзода ин амалиёт нишон дод, ки ҳанӯз хоначаҳои нуҳуфтаи созмони ормонии “давлати исломӣ” имкони зинда кардани нерӯҳои ифротиро доранд.

Намози ҷумъаи оғуштаи хун: теъдоди ҳалокшудагон ва захмиён ба 120 нафар расид

“Корҳои фаҳмондадиҳӣ бояд ончуноне сурат гиранд, ки ба хусу­сия­ти пинҳонкорӣ гирифтани ифротгароӣ ва таассуби динӣ роҳ надиҳад ва ошкору безарар гардонидани онҳоро осон гардонад”, - таъкид намуд мудири Маркази исломшиносии назди раисиҷумҳур.

Ӯ илова намудааст, ки хатарҳои асосии беруниро имконпазир будани табодули афкор, шабакаҳои иҷтимоии фаровон, интиқоли маблағ ва шакл­­ҳои гуногуни дастгирии ҳаракатҳои ифротӣ ташкил медиҳанд.

“Баҳогузории нодурусти баъзе ВАО-и ба ном озод дар бораи буҳронӣ будани вазъи динӣ ва таъмини ҳуқуқу озодиҳои шаҳрвандон дар кишварҳои мусулмонӣ мета­во­над дар заминаи таассуби динӣ сабаби ноором шудани вазъият шавад. Ба доми найранги мубаллиғон ва ноогоҳона ба са­фи соз­мон­­ҳои ифротӣ пайвастани ҷавонон дар шароити муҳоҷирати корӣ низ раванди хатар­нок касб кардааст”, - ҳушдор додаст Баротзода.