ДУШАНБЕ, 23 окт — Sputnik. Ба нақл аз сомонаи “Фараж” дар пойтахти Тоҷикистон аз 29-уми октябр то 2-юми ноябри соли равон ҷашвораи дуюми Кинои Фаронса баргузор хоҳад шуд.
Тавре манбаъ хабар додааст, даромад барои тамошои филмҳо комилан ройгон аст ва шоми ҳар рӯз дар давоми баргузории ҷашнвора аз соати 17:30 иштирокчиёни Фестивал метавонанд аз филмҳои бою рангини бадеӣ, тасвирӣ, драммавию мазҳакавии коргардонҳои фаронсавӣ лаззат баранд.
Ҳама филмҳо дар доираи Фестивал бо забони фаронсавӣ ё тоҷикӣ бо субтитри русӣ намоиш дода мешаванд.
Қайд шудааст, ки сафорати Фаронса дар Душанбе ба киностудияи “Тоҷикфилм” ва маркази фарҳангии “Бохтар” барои дастгирӣ дар баргузории Фестивал изҳори миннатдорӣ мекунад.
Дар Тоҷикистон ахиран синамобазми байналмилалии "Дидор" анҷом ёфт. Дар он 57 филми мустанад ба намоиш гузошта шуда буд. Аз ҷумла, 15 филми байналмилалии озмунӣ, 8 филми озмунии тоҷикӣ, 11 филми ғайриозмунии байналмилалӣ ва тоҷикӣ ба намоиш гузошта шуд.
Дар фестивал филмҳои мустанади киноофарони ҷумҳуриҳои Тоҷикистон, Қазоқистон, Қирғизистон, Узбакистон, Озарбойҷон, Русия, Афғонистон, Британияи Кабир, Олмон, Ҳолландия, Эрон, Исроил, Амрико, Фаронса, Чехия ва ғайра иштирок карданд.