Ҳам ихроҷу ҳам ҷарима: додгоҳи Русия дар як рӯз 15 муҳоҷири тоҷикро аз кишвар ихроҷ кард

Додгоҳи шаҳи Санкт-Петербурги Русия 15 нафар муҳоҷири меҳнатии тоҷикро, ки дар нақзи қавонини муҳоҷиратӣ айбдор мешаванд аз қаламрави ин кишвар ихроҷ кард
Sputnik

ДУШАНБЕ, 22 окт — Sputnik. Бо қарори додгоҳи ноҳияи Октябрски шаҳри Санкт-Петербург 15 шаҳрванди Тоҷикистон барои нақзи қавонини муҳоҷиратии ин Русия аз қаламрави ин кишвар ихроҷ шуданд.

Маркевич: нақзи қавонини муҳоҷират аз ҷониби тоҷикон 34 дарсад кам шудаст

Додгоҳи Санкт-Петербурги Русия муҳоҷирони тоҷикро бо айбномаи ҳуқуқвайронкунии маъмурӣ аз Русия ихроҷ намуд.

Муҳоҷирони меҳнатӣ рӯзи 18 октябри соли равон дар наздикии бинои рақами 4 хиёбони Маскави шаҳри Санкт-Петербург боздошт шуданд. Муҳоҷирони тоҷик ба вайрон кардани қоидаи вуруд ва будубош дар Русия муттаҳам гардиданд.

Дар маҷмӯъ пулиси Русия дар ин минтақа 36 муҳоҷири меҳнатии тоҷикро боздошт намуда буд.

Тибқи маълумоти додгоҳ 15 муҳоҷир аз қаламрави Русия ихроҷ шуд. Парвандаи 16 нафари дигар аз тарафи додгоҳ бозгардонида шуд. Се парванда бекор карда шуд ва ду муҳоҷири дигар ба андозаи 5 ҳазор рубли русӣ ҷарима шуданд.

Бино ба иттилои додгоҳи шаҳри Санкт-Петербург, ҳамчунин, 15 муҳоҷири тоҷик, ки аз Русия ихроҷ шуданд ба миқдори 5 ҳазор рублӣ ҷарима шудаанд.