ДУШАНБЕ, 22 окт — Sputnik. Ба иттилои ВУД Тоҷикистон, рӯзи 21 октябри соли равон тахминан соати 06:00 садамаи маргбори нақлиётӣ ба айби ронандаи "Опел-Астра" рух додаст.
Манбаъ меафзояд, Сафаров Абдусобири 53 - сола, сокини шаҳри Леваканд, аснои ҳаркат аз самти шаҳри Бохтар ба самти ноҳияи Данғара, дар ҳудуди ҷамоати деҳоти Сангтуда аз уҳдаи идораи воситаи нақлиёт набаромада, ба автомашинаи тамғаи "Даймлер-Бенс", таҳти идораи ронанда, Ҷалилов Розиқи 53 - сола, сокини шаҳри Норак, бархӯрдааст.
Дар натиҷа 6 нафар аз мусофирони автомашинаи "Опел - Астра" ва мошини тамғаи "Даймлер-Бенс" ҷароҳатҳои гуногуни ҷисмонӣ бардошта дар беморхона бистарӣ гардиданд.
Садамаи мудҳиш дар Душанбе: ронандаи ноболиғ ҳамсолашро кушт ва се ҷавонро бистарӣ кард
Ронандаи автомашинаи тамғаи "Опел- Астра" Сафаров дар беморхона ба ҳалокат расидаааст.
Ҳамзамон ВУД аз як садамаи дигари нақлиётӣ дар ҳамин рӯз хабар медиҳад.
Бар хабари манбаъ, рӯзи 21-уми октябри соли ҷорӣ, тахминан соати 16:30-дақиқа, ронандаи автомашинаи тамғаи "ЗИЛ-130", Ҷумъаев Шокири 40- сола, сокини ҷамоати деҳоти Фондарёи ноҳияи Айнӣ, ҳангоми ҳаракат дар роҳи автомобилгарди шаҳраки "Зарафшон-1-Марғузор", дар ҳудуди ноҳияи Айнӣ аз поймонаки тарафи рости автомашинаи мазкур, Эшова Шаҳлои 24- сола, сокини деҳаи Марғузор ба замин афтидааст.
Номбурда, дар натиҷа ҷароҳати вазнини ҷисмонӣ бардошта, дар ҷойи ҳодиса ба ҳалокат расидааст.
ВУД Тоҷикистон мегӯяд, феълан кормандони милитсия аз рӯи ин ҳодисаҳо тафтишот мебаранд.