Вазир: "ҳифзи иҷтимоии шахсони маъюб аз самтҳои асосии сиёсати Президент аст "

Дар шаҳри Душанбе муҳимтарин рухдоди соҳаи тандурустӣ Форуми байналмилалӣ оид ба масъалаҳои маъюбӣ баргузор гардид
Sputnik

ДУШАНБЕ, 22 окт — Sputnik. Рӯзи 18 октябри соли равон дар Муассисаи давлатии Китобхонаи миллии Тоҷикистон Форуми байналмилалӣ оид ба масъалаҳои маъюбӣ баргузор гардид.

Супориши Шодихон Ҷамшед ба масъулин барои баргузории ҳамоиш дар сатҳи баланд

Бино ба гузориши Вазорати тандурустӣ, дар ин ҳамоиш муовини сарвазири Тоҷикистон Азим Иброҳим, вазири тандурустӣ Насим Олимзода, намояндаи доимии СММ дар Тоҷикистон Пратибҳа Меҳта, роҳбари Намояндагии Ташкилоти умумиҷаҳонии Тандурустӣ дар Тоҷикистон Тасним Ататраҳ, котиби Форуми аврупоӣ оид ба маъюбӣ Гунта Анча, намояндагони вазорату идораҳо ва дигар шарикони рушд ширкат намудаанд.

Тибқи иттилои манбаъ, қабл аз оғози ин чорабинии сатҳи баланд  меҳмонон аз намоишгоҳи Форуми байналмилалӣ оид ба масъалаҳои маъюбӣ  дидан намудаанд.

Дар намоишгоҳ, навъҳои гуногуни доруворӣ, дастовардҳои олимони соҳаи тибби  кишвар, маҳсулотҳои  ортопедию протезии истеҳсоли  ватанӣ ва  дастранҷи ашхоси маъюб ба маърази тамошо гузошта шуд.

Вазир: "ҳифзи иҷтимоии шахсони маъюб аз самтҳои асосии сиёсати Президент аст "

Насим Олимзода ба кори Форум оғоз бахшида, оид ба дастгирии ин қишри ҷомеа аз ҷониби Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон ибрози андеша намудааст.

"Ҳифзи иҷтимоии аҳолӣ, аз ҷумла шахсони имконияташон маҳдуд яке аз самтҳои муҳим ва асосии сиёсати иҷтимоии Президент Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон ба ҳисоб меравад. Аз замони ба даст овардани Истиқлолият Ҳукумат  баҳри таъмини кафолатҳои иҷтимоии мардум, хусусан маъюбон тадбирҳои назаррас анҷом дода, дар ҷумҳурӣ заминаи ҳуқуқии ҳифзи иҷтимоии маъюбон пурра таҳия ва мавриди амал қарор дода шудааст", - гуфтааст вазир.

Бино ба гузориши манбаъ, муовини нахуствазир Азим Иброҳим зимни баромади хеш иброз намудааст, ки ҳанӯз аз замони ба даст овардани Истиқлолияти давлатӣ маъюбон зери таваҷҷуҳи махсуси Ҳукумат қарор гирифтанд.

Ӯ афзудааст, ки дар ин росто, моҳи марти соли 2018 Эмомалӣ Раҳмон дар шаҳри Ню-Йорки ИМА зери Конвенсияи Созмони Милали Муттаҳид дар бораи  ҳуқуқҳои шахсони маъюб имзо гузошт.

Вазир: "ҳифзи иҷтимоии шахсони маъюб аз самтҳои асосии сиёсати Президент аст "

Конвенсияи Созмони Милали Муттаҳид дар бораи ҳуқуқҳои шахсони маъюб аз тарафи Ассамблеяи Созмони Милали Муттаҳид 13 декабри соли 2006 қабул гардида, 3 майи соли 2008 баъди аз ҷониби 20 давлати олам тарафдорӣ ёфтан ҳукми қонунӣ гирифт. Баъди ҳукми қонунӣ гирифтани Конвенсия Кумита оид ба ҳуқуқи шахсони маъюб бо 18 аъзо ташкил карда шудааст.

Инчунин, дар ҷараёни Форум вобаста ба  таҳлилу баррасӣ намудани вазъи маъюбон дар кишвар да дигар паҳлуҳои соҳа бо иштироки намояндагони васоити ахбори омма нишасти матбуотӣ баргузор гардидааст, ки дар он муовини вазири тандурустӣ Шодихон Ҷамшед, роҳбари Намояндагии  Ташкилоти умумиҷаҳонии Тандурустӣ дар Тоҷикистон Тасним Ататраҳ  ва масъулини соҳа иштирок намуда, ба саволҳои рӯзноманигорон посух додаанд.

Баъди анҷоми ҷаласаҳои пленарӣ Изҳороти Душанбе оид ба масъалаҳои маъюбӣ қабул гардидааст.