ДУШАНБЕ, 22 окт — Sputnik. Президенти Русия, Владимир Путин роҳбари нави Шӯрои ҳуқуқи инсонро дар кишвар таъйин кард.
Вазифаи роҳбари Шӯрои ҳуқуқи инсони Русия бар души рӯзноманигор ва котиби Палатаи ҷамъиятӣ, Валерий Фадеев гузошта шудааст.
Фармон дар ин бораро Владимир Путин рӯзи душанбе ба имзо расонид.
“Фадеев Валерий Александрович мушовири Президенти Федератсияи Русия таъйин карда шавад”, - омадааст дар санади имзошуда.
Қайд шудааст, ки фармон дар ин бора аз лаҳзаи ба имзо расиданаш қувваи ҳуқуқӣ пайдо мекунад.
То ин вақт Шӯрои ҳуқуқи инсонро дар Русияро Михаил Федотов роҳбарӣ мекард. Вай фаъолияти ин шуъбаро аз соли 2010 инҷониб пеш мебурд.
Валерий Александрович Фадеев 10 октябри соли 1960 дар шаҳри Тошканди Узбакистон ба дунё омадааст. Аз моҳи июни соли 2017 то ин вақт вазифаи котиби Палатаи ҷамъиятии Русия, ҳайати VI-ро роҳбарӣ мекард.
Дар ҷамъияти журналистон ӯро ҳамчун сармуҳарири маҷаллаи “Эксперт” (1998-2017) ва барандаи барномаҳои “Первий канал” (2014 – 2018), аз ҷумла ҷамъбасти нашри якшанбегии барномаи “Время”-ро (2016-2018) мешиносанд.