Раҳмон дар бораи шоҳони одил гуфт ва номи қадимии тоҷиконро ифшо кард

Раисиҷумҳури Тоҷикистон, Эмомалӣ Раҳмон дар Симпозиуми байналмилалии илмии "Пажӯҳиш дар фарҳанги бостон: аз дирӯз то имрӯз" номҳои қадимии муаррификунандаи халқи тоҷикро гуфт
Sputnik

ДУШАНБЕ, 22 окт — Sputnik. Президенти Тоҷикистон, Эмомалӣ Раҳмон дар Симпозиуми байналмилалии илмии "Пажӯҳиш дар фарҳанги бостон: аз дирӯз то имрӯз" дар бораи нақши калидии Сомониён дар таърихи тоҷикон нақл кард.

Ба гуфти раисиҷуҳури Тоҷикистон, ин давлати нерӯманду муназзам ва шоҳони одили он қавмҳои ориёитабори минтақаи таҳти нуфузи худро муттаҳид сохтанд, ҳамчун мардуми шаҳрсозу шаҳрнишин шаҳрҳои нав бунёд карданд ва сохтори идории тавоноро таъсис дода, мақом ва манзалати тоҷикон ва дигар қавму миллатҳои ориёиро баланд бардоштанд.

Раҳмон аз осори Берунӣ мисол оварду қадимӣ будани ҷашни Меҳргонро исбот кард

"Дар айёме, ки мардуми тоҷик 28-солагии истиқлоли давлатиро таҷлил карданд, мо тасмим гирифтем, ки ба 1120 — солагии давлати Сомониён, яъне ба ин давраи пурифтихори халқамон бо нигоҳи нав ва диди тоза рӯ оварем ва масъалаҳои муҳимму умдатарини таъриху фарҳанги он давраро бо арҷгузорӣ ба ин мероси бузург баррасӣ намоем".

Президент гуфт, дар доираи ҳамоиши имрӯза низ замони давлатдории Сомониён ва шеваи сарварии онҳо аз ҷумлаи масъалаҳои асосӣ буда, нақши созандаи ин сулолаи ориёӣ дар рушди давлатдории тоҷикон ва дигар халқҳои минтақаву ҷаҳон аз нигоҳи принсипҳои адолати таърихиву иҷтимоӣ ва фалсафию фарҳангӣ бори дигар мавриди баррасии ҳамаҷониба қарор дода мешавад.

Илова бар ин, масъалаҳои омӯзиши анъанаву суннатҳои таърихиву фарҳангӣ, бахусус, мақоми шоистаи ҷашнҳои миллии мардуми ориёинажод — Наврӯз, Меҳргон ва Сада дар ташаккули тамаддуни Шарқу Ғарб, инчунин, нақши Куруши Кабир ва Борбади Марвазӣ муҳокима хоҳанд шуд.

Эмомалӣ Раҳмон гуфт, саъю талоши ватандӯстона ва сиёсати ягонаву мутамаркази ин шоҳони ватанпарвар буд, ки мақоми забону адаби тоҷикӣ дар қаламрави паҳновари Мовароуннаҳру Хуросон ва фаротар аз он таҳким ёфта, забони тоҷикӣ ба сифати забони расмӣ пазируфта шуд ва рушду такомул ёфт.

"Дигар нақши бузургтарину таърихии Сомониён боз дар он аст, ки онҳо ҳудудҳои тоҷикнишинро дар қаламрави ягона муттаҳид карданд ва ба ташаккули халқи тоҷик замина муҳайё намуданд", - таъкид кард раисиҷумҳури Тоҷикистон.

Дар ҳамин давра номҳои муаррификунандаи халқи тоҷик, аз қабили "озодагон" ва "деҳқон" ба муродифи этноними "тоҷик" табдил ёфтанд ва забони шевою шоиронаи тоҷикӣ ба шарофати мавзуниву равонӣ ва дилчаспиву гувороии он изофаи сифатии “дарӣ” гирифта, дар хушоҳангӣ ба “кабкони дарӣ” ва дар бузургиву ҳашамат ҳамчун “забони аҳли дарбор” муаррифӣ гардид, ки ин воқеиятро олимону адибони гузаштаву муосир борҳо таъкиду тасдиқ кардаанд.

Раҳмон гуфт, кай забон расман "тоҷикӣ" шуд: изҳороти Президент баъди баҳсҳо атрофи ном

Раҳмон аз "Тоҷикон" мисол оварду номи қадимии Файзободро гуфт

Раисиҷумҳури Тоҷикистон афзуд, ки Сомониён, инчунин, робитаҳои тиҷоратии Суғди қадимро бо Ҳинду Чин, Рум ва Шарқи Наздик тавсеа бахшида, муносибатро бо қаламравҳои дурдаст, аз ҷумла то ба Шарқи Дур ривоҷ доданд ва тавассути шаҳри Балх тиҷорати байналмилалиро бо минтақаҳои қаламрави Осиёи Ҷанубӣ ба роҳ монданд.

Бефарҳангӣ: раисиҷумҳур дар бораи онҳое, ки забонҳои хориҷиро медонанду модариро не

Давлати Сомониён тадриҷан ба як ҷузъи нерӯманди тамаддуни башарӣ мубаддал гардид, ки мардуми фарҳангпарвари тоҷик ва кулли ориёитаборонро бо заковати фитриву ҳувияти миллиашон ба ҷаҳониён муаррифӣ намуд.

Қарори нави Раҳмон: 10 сол барои англисию русидон шудани тоҷикистониён