Муҳоҷирони тоҷик тариқи омӯзишу санҷиш ва интихоб дар Русия ба кор қабул мешаванд

Шаҳрвандони Тоҷикистонро дар маркази муҳоҷирати Русия баъди санҷишҳои ҷиддӣ барои кор интихоб мекунанд
Sputnik

ДУШАНБЕ, 22 окт — Sputnik. Дар Русия муҳоҷирони меҳнатӣ аз Тоҷикистонро ба таври интихобӣ ба кор қабул мекунанд, иттилоъ додааст “Российская газета”.

Ҳамаи муҳоҷирон бояд ба ҳамаи талаботҳои пешбинишуда омода буда, аз ҷумла курси забони русиро бояд гузаранд.

Танҳо дар 8 моҳ беш аз 411 ҳазор тоҷикистонӣ ба муҳоҷират рафтанд

Пеш аз сафар ба Русия шаҳрванд дар Тоҷикистон  санҷида мешаванд, ки  қайди суди дорад ё на.

Лоиҳаи мазкур дар асоси созишнома миёни Русия ва Тоҷикистон ба Думаи давлатӣ барои тасдиқ пешниҳод шудааст.

“Аз Тоҷикистон ба Русия алакай муҳоҷирони кории омӯзонидашуда меоянд, ки маҳорату малака ва кордонии онҳо алакай аз санҷиш гузашта шудааст. Ҳамчунин муҳоҷирон аз санҷиши тиббӣ гузашта, ба таёрии касбӣ, омӯзиши забони русию асосҳои қавонини Русия фаро гирифта мешаванд. Дар ин ҳол пешбинӣ шудааст, ки санҷиши тиббӣ дар ҳудуди Русия гузаронида шавад”, - шарҳ дод роҳбари идораи Ассотсиатсияи ҳуқуқшиносҳои Русия Владимир Груздев.

Худи созишнома дар бораи иҷозаи шаҳрвандони Тоҷикистон барои амалӣ намудани фаъолияти меҳнатии муваққатӣ дар Русия баҳори соли ҷорӣ ба имзо расида шуда буд.

Ин созишнома баҳри тартибу низоми муҳоҷирати меҳнатӣ пешбинӣ шудааст, ки дар заминаи таваҷуҳи ҳарду ҷониб амалӣ хоҳад шуд.