Манижа Сангин: "ман миёни Тоҷикистон ва Русия мондаам"

Манижа Сангин далели ба забони тоҷикӣ насароиданашро гуфт. Ӯ мегӯяд, тоҷик аст вале бо гузашти замон ва зиндагӣ дар Русия худро рус эҳсос мекунад
Sputnik

ДУШАНБЕ, 22 окт — Sputnik. Манижа Сангин - овозхони тоҷиктабори муқими Русия, рӯзи 21 октябр суруд ва намоҳанги нави худр таҳти унвони "Сейчас дважды не случится" (Ин лаҳза дубора намеояд), пешкаши мухлисон кард. 

Қолабшикании Манижа бо намоҳанги нав: аз чакану чилкокул то ишқи ҷавони рус - видео

Ин бор Манижа дар образи духтари тоҷик - дар тан пироҳани чакан ва дар сар рӯймол бо чил кокули бофта, ҳунарнамоӣ кард. Ӯ дар намоҳангаш аз ишқи миёни духтари осиёимиёнагӣ ва ҷавони рус нақл мекунад. Намоҳанг дар шакли филмҳои Даврони Шӯравӣ ба навор гирифта шудааст.

 Ӯ нахустин бор дар намоҳангаш бо либоси миллӣ ба тоҷик будани худ ишора кардааст.

Дар суҳбат бо Sputnik Тоҷикистон Манижа Сангин далели ба бар кардани пироҳани чаканро гуфт.

"Ман дар Душанбе ба дунё омадаам. Ман тоҷик ҳастам. Чаканро ман аз хурдӣ медидам. Чаканро ман дар филми "Лунный папа" низ дидаам. Барои ҳамин ва бо мақсади нигоҳдошти либоси қадима ва арзишҳое, ки муттассифона вақтҳои охир кам ҳифз мешавад ман пироҳани чакан ба бари кардам", - гуфт Манижа.

Ба савол, ки чаро Манижа дар клип ба забони тоҷикӣ намесарояд, дар ҳоле, ки қаҳрамон аз ӯ хоҳиш мекунад чизе ба забони худ бисарояд, Манижа гуфт, солҳост миёни Тоҷикистон ва Русия мондааст.

"Ман солҳост дар Русия ба сар мебарам. Ва моҷарои намоҳанг ҳам дар ҳамин аст. Ман, ки тоҷик ҳастам ва тамоим умр дар Русия ба сар мебарам, худро рус эҳсос мекунам. Ман миёни Тоҷикистон ва Русия мондаам ва гуфта наметавонам, ки забони русӣ барои ман модарӣ нест", - гуфт Манижа.

Ӯ афзуд, ки ин доди ҳамаи одамони ғайрируси дар Русия бавоярасида мебошад.

"Вақте ки ба Русия меравӣ мушкилоти зиёдеро паси сар мекунӣ ва Русия барои ту Ватан мешавад. Ва шумо мефаҳмед, ки зимни бозгашт ба Ватан шумо худро каме бегона эҳсос мекунед. Ин чун худӣ миёни бегонагон ва бегона миёни худиҳо мебошад. Ҳамин чизро ман дар асл эҳсос мекунам", - хулоса кард Манижа Сангин.