Мақомоти Хатлон ба беш аз ду ҳазор омӯзгори ҷавон замини наздиҳавлигӣ дод

Ҳукумати вилояти Хатлон эълон кардааст, ки мақомоти вилоят ду ҳазору 59 омӯзгори ҷавонро ба замини наздиҳавлигӣ таъмин намудааст
Sputnik

ДУШАНБЕ, 22 окт — Sputnik. Бино бар иттилои дафтари матбуоти ҳукумати вилояти Хатлон, то имрӯз дар ҳудуди вилояти Хатлон 2 ҳазору 59 нафар омӯзгорони ҷавон бо истифода аз имтиёзҳои муқарраркардаи Ҳукумати кишвар бо замини наздиҳавлигӣ таъмин шуданд.

Аҳмадзода ба хонаводаҳои ҷавони Суғд замини наздиҳавлигӣ дод

Тавре манбаъ таъкид доштааст, барои ҳавасманд кардани наврасону ҷавонон ба донишандӯзӣ низ тадбирҳои зиёд андешида шудаанд.

Мақомоти Хатлон зикр кардааст, ки яке аз ин иқдомҳо таъйин кардани стипендияи президентӣ мебошад.

Дар Деваштич ба муҳоҷирон замини наздиҳавлигӣ доданд

Тибқи омори расмӣ дар соли равон 145 нафар ба гирифтани ин стипендия мушарраф шуд.

Инчунин манбаъ қайд намудааст, ки аз соли 1997 то имрӯз 8 ҳазору 193 ҷавони хатлонӣ (аз ҷумла, 4 ҳазору 994 духтар) ба 16 муассисаи таҳсилоти олӣ дохил шуда, қисми зиёди онҳо донишгоҳу донишкадаҳоро хатм кардаанд.