ДУШАНБЕ, 21 окт — Sputnik. Аз 19 то 23 сентябри соли 2019 дар шаҳри Мински Ҷумҳурии Беларус Дуввумин Ҷашнораи байналмилалии санъати сиркӣ баргузор гардид.
Дар ҷашнвораи мазкур беш аз 100 нафар ҳунарпешаҳои сирк аз Чин, Русия, Украина, Бразилия, Чили, Австралия, Эфиопия, Изроил, Корея, Руминия, Молдова, Қазоқистон ва дигар кишварҳо иштирок карданд.
Ҷумҳурии Тоҷикистонро дар ҷашнвораи мазкур сиркбози ҷавон Муҳаммад Шарифзода намояндагӣ карда, сазовори лауреати озмун ва тӯҳфаи махсус гардид.
Тӯҳфаи махсусро ба ӯ аъзои ҳакамон, директори фестивали байналмилалии сиркӣ дар шаҳри Жиронаи Испания, Президенти ширкати “Бунёди санъати сиркӣ” Женис Матабош барои маҳорати баланд ва чобукиаш супорид.
Инчунин Муҳаммад Шарифзода дар ҳамин фестивал барои иштирок дар Фестивали ҷаҳонии сиркӣ дар Вйетнам, ки 14 ноябри соли 2019 баргузор мегардад, даъватнома гирифт.
Моҳи январи соли 2020 иштироки Муҳаммад Шарифзода дар Фестивали байналмилалӣ дар шаҳри Парижи Фаронса дар назар аст.
Ин сиркбози ҷавону умедбахши тоҷик аллакай дар чандин фестивалҳои байналмилалӣ номи Тоҷикистонро бардошта, сазовори ҷойҳои намоён гардидааст.
Ҷоизаи аввалинро ӯ моҳи ноябри соли 2018 дар ҷашнвораи байналмилалии «Оянадаи сирк» дар шаҳри Лугански Ҷумҳурии Украина сазовор гардид. Доварони ҷашнвора дар бахши эквилибр байни иштирокчиёни 15-20 сола аз 15 кишвари ҷаҳон ҷои аввалро лоиқи сиркбози тоҷик дониста буданд.
Муҳаммад Шарифзода дар 8-умин Ҷашнвораи байналмилалии сиркӣ "Фили тиллоӣ", ки аз 14 то 19 феврали соли 2019 дар шаҳри Жиронаи Испания баргузор гардида буд, иштирок карда ҷоизаи "Танқиди махсуси доварон" -ро ба даст оварда буд. Дар ҷашнвораи мазкур ба ӯ бар замми ҷоизаи номбурда боз ду тӯҳфа: Ҷоизаи махсус аз Ҷумҳурии Муғулистон ва Ҷоизаи махсус аз Федератсияи Россия супорида шуда буд.
Муҳаммад Шарифзода тибқи бурсия чор сол дар Омӯзишгоҳи сиркии ба номи Карандаши шаҳри Москва таҳсил намуда, соли 2018 баъди хатми омӯзишгоҳ дар Сирки Давлатии Тоҷикистон ба фаъолият шурӯъ намудааст.
Ӯ мегӯяд, ки соли дуввуми таҳсил вақте интихоби равия ва жанрҳои сиркӣ пеш омад, ӯ маҳз жанри эквилибрро пеша кард.
"Ба ман гуфтанд, ки ин жанр мушкил асту ҳар кас аз уҳдааш намебарояд ва барои ҳамин нафарони кам онро иштихоб мекунанд. Дар вақти омӯзиш ва тамрин чандин бор ҷароҳатҳо бардоштаам. Аммо ман аз роҳ нагаштам, чунки ин жанр бароям писанд аст" - иброз медорад Муҳаммад.
Дар омӯзишгоҳ ба ӯ устодон Сергей Торопов ва Валентина Кузнетсова ҳунари эквилибрро омӯхтаанд. Дар Тоҷикистон устоди ӯ директори Сирки Давлатии Тоҷикистон Ашур Раҷабов аст, ки бевосита бо ӯ тамрин мекунад.