Ҳунармандон ҳам ба пахтачинӣ: Аюбӣ ва се ҳунарманди дигар ба пахтачинӣ баромаданд - навор

Муҳаммадалӣ Аюбӣ, Саидалӣ Сабзов, Отахон Саидов ва Ойимгул Давлатова , дар мавзеи Офторбаки хоҷагии "Кӯлоб"-и ноҳияи Вахш дар ҳашари умумии ҷамъоварии пахта иштирок намуданд
Sputnik

ДУШАНБЕ, 21 окт — Sputnik. Ахиран дар мавзеи Офторбаки хоҷагии "Кӯлоб"-и ноҳияи Вахш ҳашари умумии ҷамъоварии пахта сурат гирифт, ки дар он роҳбарияти мақомоти вилояти Хатлон, собиқадорони меҳнат, ҳунармандони саршиноси Тоҷикистон ширкат карданд.

Идигул Қосимзода рӯзи истироҳаташро дар ҳашари пахтачинӣ гузаронд

Дар ин бора иттилоъ додааст дафтари матбуоти ҳукумати вилояти Хатлон хабар додааст.

Дар маъракаи ҷамъоварии ҳосили пахта ҳунармандони маъруфи хатлонӣ - Ҳунарпешаи халқии Тоҷикистон Муҳаммадалӣ Аюбӣ, Ҳунарпешаи шоистаи Тоҷикистон Саидалӣ Сабзов, Аълочиёни фарҳанги ҷумҳурӣ Отахон Саидов ва Ойимгул Давлатова иштирок намуданд.

Бо ибтикори Идораи телевизион ва радиои вилоят дар саҳро сабқати телевизионии "Як соат дар саҳро" доир шуд, ки дар он кормандони Раёсати ҷавонон ва варзиши вилояти Хатлон дастболо гардиданд.

Ҳунармандон ҳам ба пахтачинӣ: Аюбӣ ва се ҳунарманди дигар ба пахтачинӣ баромаданд - навор

Қобили зикр аст, ки иқдоми "60 рӯзи меҳнати зарбдор дар пахтазор" бо ибтикори раиси вилояти Хатлон Қурбон Ҳакимзода бо мақсади ҷамъоварии саривақтӣ ва беталафи ҳосили пахта эълон гардидааст.

Ин маърака то 16 ноябр - Рӯзи Президент идома карда, фаъолону ғолибон аз ҷониби мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии вилоят қадрдонӣ хоҳанд шуд.