ДУШАНБЕ, 21 окт — Sputnik. Абдурозиқ, зодаи деҳаи Ғиждарваи шаҳри Панҷакент буда, орзу дорад, овозхони машҳур шавад. Абдурозиқ, ки зоҳиран кӯдаки 4-5-соларо мемонад, аз ҷониби Барон, репсаро ва блогери тоҷик ба Душанбе оварда шуд, то орзуи роҳёбӣ ба саҳнаҳои бузургро амалӣ кунад.
Ӯ нақл мекунад, ки чун хонааш дар канори деҳаи Ғиждарва асту роҳаш дур, дар синфи якумӣ ба ӯ китобро надоданд ва шарҳ доданд, ки бардошта наметавонад. Вай афзуд, ки аз синфи 5 ба хондани Алифбо оғоз кард ва то он вақт бисёри ҳарфҳоро намешинохт.
“Гову хар назанад гуфта, муаллимҳо маро дар хона дарс медоданд”, - изҳор дошт Абдурозиқ.
Ахиран Барон ва Абдурозиқ суруд ва намоҳанги “Ватан-Модар”-ро пешниҳоди омма карданд, ки тайи ҳамагӣ чанд рӯз онро беш аз 1,6 миллион бор дидаанд.
Суруд дар бораи Ватану Эмомалӣ Раҳмон сертамошобин шуд
Абдурозиқ дар ин намоҳанг баробари тавсифи модар, ватан ва фарзандони Ватан аз Эмомалӣ Раҳмон, раисиҷумҳури Тоҷикистон низ васф карда, бо шеваи рэп месарояд: “Ман набера, бобом қаҳрамон, қаҳрамони зинда, Эмомалӣ Раҳмон, ҳамеша ғамғори мо ҷавонон, аз шумо миннатдор, аз замин то осмон”.
Наздикони Абдурозиқ, ки феълан 16 сол дорад, зоҳиран ба кӯдаки 4-сола монанд буданашро ба бемории рахит рабт медиҳанд, ки Абдурозиқ ба он дар хурдсолӣ мубтало шуду волидон шароити табобаташро надоштанд.
Аммо Абдурозиқ хеле закӣ, чаққон ва ҳозирҷавоб ба воя расида, ният дорад, баъди хатми мактаби миёна ба Донишкадаи санъати Тоҷикистон дохил шавад.