Барқ дар кӯчаҳои шаҳри Душанбе дар як моҳи ахир 12 маротиба хомуш карда шуд

Барқрасонӣ ба далели баргузории умури тармимот мутаваққиф мешавад. Дар сурати зудтар поён ёфтани умури тармимот барқрасонӣ қабл аз соати 16.00 муҷаддадан роҳандозӣ хоҳад шуд
Sputnik

ДУШАНБЕ, 21 окт — Sputnik. Ба далели умури тармимот барқрасонӣ ба бархе аз қисматҳои Душанбе имрӯз мутаваққиф мешавад, хабар медиҳад Шабакаҳои барқии шаҳри Душанбе.

Барқкушӣ дар Душанбе: кадом кӯчаҳо ва чанд соат бебарқ мемонанд?

Ба иттилои манбаъ, имрӯз аз соати 09:00 то 16:00 дар ноҳияи И. Сомонӣ, аз ҷумла кӯчаи Шарқ, Меҳнат, Турсунзода, маҳаллаҳои Сӯрхоб, Саҳбо, Бадахшон ва Заҳматобод барқ хомӯш мешавад.

Зимнан интиқоли неруи барқ ба кӯчаҳои Ҷ. Расулов ва Раҳмон Набиеви ноҳияи Сино низ муваққатан қатъ мегардад.

Барқрасонӣ ба далели баргузории умури тармимот мутаваққиф мешавад.

Манбаъ меафзояд, дар сурати зудтар поён ёфтани умури тармимот барқрасонӣ қабл аз соъати 16.00 муҷаддадан роҳандозӣ хоҳад шуд.