Супориши Рамазон Раҳимзода барои пурзӯр кардани мубориза бар зидди ҷинояткорӣ

Вазири корҳои дохилӣ ба ҳамаи сохторҳои мақомоти ин ниҳод супориш дод, муборизаро бар зидди ҷинояткорӣ пурзӯр кунанд
Sputnik

ДУШАНБЕ, 20 окт — Sputnik. Рӯзи 18-уми октябр дар толори "Кохи Фарҳанг"-и ноҳияи Рашт доир ба ҷамъбасти фаъолияти оперативӣ - хизматии мақомоти корҳои дохилӣ дар нуҳ моҳи соли 2019 бо ширкати Рамазон Раҳимзода, аъзои Мушовара, сардорони раёсатҳо, шуъбаҳо, баргузор гардидааст.

Бино ба гузориши Вазорати корҳои дохилӣ, ҷаласаро вазири корҳои дохилӣ  оғоз намуда, қайд кардааст, ки мақсад аз баргузории ҷаласаҳои сайёр – ин мавриди муҳокимаи ҳамаҷониба қарор додани натиҷаҳои фаъолияти оперативӣ-хизматии ҷузъу томҳои мақомот, баррасии воқеъбинонаи камбудиву норасоиҳои ҷойдошта ва роҳҳои ҳалли онҳо мебошад.

Афви муҳоҷирону муносибати хуби пулис: хостаҳои Раҳимзода дар Маскав

Раҳимзода зикр кардааст, ки дар нуҳ моҳи соли 2019 як қатор чорабиниҳои муҳими сиёсӣ ва сатҳи байналмилалӣ дар пойтахти кишвар ва дигар шаҳру ноҳияҳои ҷумҳурӣ баргузор гардиданд, ки фаъолияти шабонарӯзии кормандони сохторҳои қудратӣ ва ҳифзи ҳуқуқ ба таҳкими суботу оромӣ, мубориза бо ҷинояткорӣ ва пешгирии амалу кирдори ғайриқонунӣ мусоидат намуд.

"Дар ин хусус Пешвои муаззами миллат аз баргузории сатҳи баланди чорабиниҳо, бахусус таъмини тартиботи ҷамъиятӣ ва амнияти меҳмонон дар ин чорабиниҳо изҳори қаноатмандӣ карда, миннатдории худро ба кормандони ҳифзи ҳуқуқ, алалхусус мақомоти корҳои дохилӣ расониданд", гуфтааст вазир.

Дар идомаи ҷаласаи сайёр сардори Раёсати нозиротӣ-ташкилии ВКД генерал-майори милитсия Солиев Карим Ҳоҷиевич ва муовини якуми вазири корҳои дохилӣ генерал-лейтенанти милитсия Абдураҳмон Аламшозода муфассал баромад намуда, вазъи ҷинояткориро мавриди таҳлилу баррасӣ қарор додаанд.

"Вазири корҳои дохилӣ Рамазон Раҳимзода камбудию норасоиҳои ҷойдоштаро мавриди муҳокима қарор дода, ба тамоми сохторҳои мақомотҳои корҳои дохилӣ ҷиҳати пурзӯр намудани мубориза бар зидди ҷинояткорӣ ва дигар ҳолатҳои қонуншиканӣ дастуру супоришҳои мушаххас дод", - афзудааст манбаъ.

Ӯ қайд кардааст, ки бояд ҳар як корманди мақомоти корҳои дохилӣ аз худ масъулияти баланд зоҳир намуда, дастаҷамъона, қотеъона ва содиқона бар зидди ҷинояткорӣ мубориза бурда, манфиатҳои миллиро ҳифз намояд.

Дар умум бино ба гузориши манбаъ, ҷаласаи сайёр доир ба ҷамъбасти фаъолияти оперативӣ - хизматии мақомоти корҳои дохилӣ дар нӯҳ моҳи соли 2019 қаноатбахш арзёбӣ гардида, ба масъулин ҷиҳати пурзӯр намудани мубориза бар зидди ҷинояткорӣ, таъмини амнияти шаҳрвандон, ҳифзи тартиботи ҷамъиятӣ ва ҷиҳати омодагӣ ба зимистонгузаронӣ дар тамоми ҷузъу томҳои мақомоти корҳои дохилӣ дастуру супоришҳои мушаххас дода шудааст.