ДУШАНБЕ, 20 окт — Sputnik. Сарояндагони саршиноси тоҷик Шабнами Сурайё ва Фарзонаи Хуршед дар саҳифаашон дар Instagram аз сайру гашти -шомгоҳии худ дар зодгоҳашон - шаҳри Кӯлоб, нақл кардаанд.
Дар ҷое Фарзона ҳамроҳи духтарча ва писараш акс гирифта навиштааст: "Маънои зиндагӣ фарзанд аст".
Дар ҷое дигаре Фарзона миёни фаввораҳо давида бо рӯҳияи баланд "оббозӣ" мекунад ва аз гашту гузори худ нақл мекунад.
Шабнами Сурайё низ дар саҳифааш дар Instagram аксеро ҳамроҳи хоҳараш Фарзонаи Хуршед паҳн карда ӯро "Пораи қалб" - аш хондааст.
Ёдрас мешавем, ки Боғи марказии фарҳангӣ-фароғатии шаҳри Кӯлоб ба номи Мир Сайид Алии Ҳамадонӣ баъд аз навсозӣ, ба маркази бузурги истироҳату фароғати кулли сокинон ва меҳмонони шаҳри Кӯлоб табдил ёфтааст. Дар боғ манораи "Эйфел" қомат афрохтааст, ки онро ба пойтахти Фаронса шаҳри Порис шабоҳат медиҳад. Мардуми маҳаллӣ ин маконро "Порис" ном мебаранд.
Масоҳати умумии боғ 9 га заминро ташкил медиҳад.
Дар ҳудуди боғи мазкур ду майдончаи варзишии замонавӣ, ки барои бозиҳои футбол, волейбол, баскетбол ва теннис пешбинӣ гардидааст, сохта шуда, майдончаи бозӣ барои кӯдакон ва наврасон, майдончаи тенниси рӯйи миз, Маркази ҷавонон, қаҳвахона, амфитеатр, бинои шоҳмотбозӣ ва 8 адад нуқтаи хурди фурӯши армуғон қомат афрохтааст.
Лоиҳаи боғро Ҷамъияти Дорои Масъулияти Маҳдуди “Вертикал” бар уҳда дошта, он аз тарафи Корхонаи воҳиди давлатии “Алюминийи Тоҷик” пурра навсозӣ карда шудааст.