ДУШАНБЕ, 20 окт — Sputnik. Президенти Иёлоти Муттаҳидаи Амрико Доналд Трамп ба мардуми рус изҳори муҳаббат кард.
"Аҳмақ нашав!": хитоби Трамп ба Эрдуғон дар мавриди қатъи ҳамалот дар Сурия
Ин изҳорот дар паи гунаҳкор шудани баъзе аз сиёсатмадорон аз ҷониби собиқ номзад ба президентӣ - Хиллари Клинтон рух дод. Хиллари Клинтон бархе аз сиёсатмадоронро ҷосусони Русия номид.
Доналд Трамп мушовири амниятиашро барканор кард
Дар посух ба гуфтаҳои Клинтон, Трамп гуфт ӯ девона шудааст.
"Хиллари узви парлумони ИМА, Тулси Габард ва номзади пешин ба президентӣ - Ҷил Стайнро "ҷосусони Русия" номид. Чуноне шумо шунида будед, маро ҳам дӯстдори Русия гуфтанд, (дар воқеъ ман мардуми рус ба ман писанданд)", - навиштааст Трамп дар саҳифааш дар Twitter.
Дар охир президенти ИМА мегӯяд, ӯ ҳамаи мардуми ҷаҳонро дӯст медорад.
Пас аз мағлубият дар интихоботи соли 2016 Клинтон борҳо Стайнро гунаҳкор карда буд, ки маҳз ин сиёсатмадор боиси президент нашудани ӯ гардид.