Ифтитоҳи хатсайри Ашт-Қуқанд-аксу видео

Нахустин хатсайри мусофирбарии байнисарҳадӣ миёни ноҳияи Ашт ва шаҳри Қуқанди вилояти Фарғонаи Узбакистон ифтитоҳ шуд
Sputnik

ДУШАНБЕ, 20 окт — Sputnik. Масъулияти мусофирбарӣ дар масири Шайдон-Қуқанд-Шайдон ва ҳамчунин Қуқанд - Шайдон - Қуқандро ширкатҳои нақлиётии “Рахш РМ”-и ноҳияи Ашт ва “Мансур Мирзохип”-и шаҳри Қуқанди Узбакистон ба зимма гирифтаанд.

Рӯзи 19 октябр нахустин микроавтобусҳои ин ширкатҳо аз ду ҷониб ба роҳ баромада ва дар вазъи тантанавӣ мусофиронро ба маркази ноҳияи Ашт, шаҳраки Шайдон ва шаҳри Қуқанди вилояти Фарғона расониданд. Дар расми ифтитоҳи ин хатсайри байнисарҳадӣ дар баробари мусофирон, масъулони ноҳияи Ашт ва шаҳри Қуқанд,  собиқадорони соҳаи нақлиёт иштирок кардаанд.

Нодир Машарипов, роҳбари ширкати “Рахш РМ” дар суҳбат бо Sputnik  Тоҷикистон гуфт, реҷаи кори мусофирбарҳо сар аз 21 октябр, аз ду ҷониб дар як вақт оғоз мешавад.

“Микроавтобуси мо, субҳ соати 06:00 аз Шайдон ба самти Қуқанд ба роҳ баромада, бегоҳ соати 16:00 аз Қуқанд ба Шайдон бармегардад. Дар навбати худ микроавтобуси ширкати “Мансур Мирзохип” ҳам бо ин реҷа дар масири Қуқанд-Шайдон-Қуқанд ҳаракат мекунад”, - гуфт Машарипов.  

Зимнан ин дуввумин хатсайри байнисарҳадии нақлиётӣ дар вилояти Суғд ба ҳисоб меравад, ки ба кашонидани мусофирон дар шаҳру ноҳияҳои Тоҷикистон ва Узбакистон машғуланд. Ширкати Asian Express беш аз ду сол боз ба расонидани мусофирон дар масири Хуҷанд-Тошкент- Хуҷанд фаъолият мекунад.

Ҳунармандони тоҷик мардуми Самарқандро тасхир карданд

Хатсайрҳои байнисарҳадӣ бо кишвари Узбакистон аз соли 1975 роҳандозӣ шуда, дар соли 1992 баста гардиданд.

Бо сари ҳукумат омадани Шавкат Мирзиёев дар Узбакистон, ҳоло муносибатҳо миёни Тоҷикистон ва Узбакистон хуб шуда ва мушкили равуои сокинони ду кишвар дар гузаргоҳҳо бартараф шудааст.

Масъулони ширкати “Рахш РМ” дар ноҳияи Ашт мегӯянд, ин хатсайрро онҳо дар асоси дархосту муроҷиати зиёди сокинон роҳандозӣ намудаанд ва қарор аст ҳамчунин хатсайр миёни шаҳракаи Шайдон ва шаҳри Оҳангарони Узбакистон фаъол карда шавад.