Рӯзи 19 октябр дар ҷаҳон чӣ рух дод
Соли 1853 дар Гавая нахустин фабрикаи орд ба кор оғоз намуд.
Соли 1914 хадамоти почтавии амрикоӣ аввалин маротиба барои ҷамъоварӣ ва дастрас намудани мактубҳо аз мошин истифода кард.
Соли 2010 дар шаҳри Душанбе аввалини Форуми байналмилалӣ – сармоягузорӣ оид ба савдои агросаноатӣ дар Тоҷикистон баргузор гардид.
Соли 2016 Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон созишномаи қарзии Лоиҳаи беҳтаргардонии роҳи мошингарди Душанбе – сарҳади Узбакистонро ба тасвиб расонид.
Рӯзи 19 октябр дар Тоҷикистон чӣ рух дод
Соли 2012 дар шаҳри Душанбе Қаҳрамонии Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба теннис оғоз гардида, се рӯз идома ёфт.
Соли 2012 дар шаҳри Душанбе ҷаласаи даҳуми Шӯрои машваратии назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба беҳтар намудани фазои сармоягузорӣ баргузор гардид.
Соли 2012 дар шаҳри Душанбе Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон аз сафирони нави Иёлоти Муттаҳидаи Амрико, Украина ва Нидерландия эътимоднома қабул намуд.
Соли 2015 бо ширкати Эмомалӣ Раҳмон дар мавзеи Сомғори ноҳияи Бобоҷон Ғафуров хатти нави интиқоли барқи "Қайроққум-Ашт" мавриди баҳрабардорӣ қарор гирифт.
Соли 2015 Эмомалӣ Раҳмон барои бевосита шинос шудан бо ҳолати роҳҳои мошингарди дорои аҳамияти маҳаллӣ, ҷумҳуриявӣ ва байналмилалӣ дар шимоли кишвар ба вилояти Суғд тавассути нақлиёти автомобилӣ сафар карданд.
Соли 2015 дар ноҳияи Шаҳристон Маркази таълимӣ — фароғатии Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон ифтитоҳ ёфт.
Ҷашнҳои рӯзи 19 октябр
- Рӯзи ҷаҳонии иттифоқҳои қарзӣ.
- Дар Русия -рӯзи хонандагони литсейҳо.
- Дар Қазоқистон -рӯзи наҷотдиҳандагон.
- Дар Молдова- рӯзи ҳуқуқшинос.
Рӯзи 19 октябр дар Тоҷикистон кӣ ба дунё омадааст
Соли 1927 шоири халқии Тоҷикистон Наҷмиддин Раҳимов.
Соли 1936 коргардон, корманди шоистаи санъати Тоҷикистон Равшан Турабеков.
Соли 1938-1994 композитор Миратулло Атоев.
Соли 1942 доктори илмҳои физика ва математика Саидмуҳаммад Одинаев.