Намоиши пешравиҳо: дар пойтахт намоиши “Тоҷикистон- тирамоҳ 2019” баргузор мешавад

Аз 24 то 26 октябр дар бинои Муассисаи давлатии “Мактаби ҷумҳуриявии маҳорати олии варзишӣ оид ба намудҳои куштӣ”-и шаҳри Душанбе, Намоишгоҳи байналмилалии универсалии “Тоҷикистон- тирамоҳ 2019” баргузор мегардад
Sputnik

ДУШАНБЕ, 19 окт — Sputnik.  Бино бар иттилои палатаи савдо ва саноати Тоҷикистон, дар пойтахти Тоҷикистон аз 24 то 26 октябр Намоишгоҳи байналмилалии универсалии “Тоҷикистон- тирамоҳ 2019” баргузор мегардад.

Тоҷикистон дар намоишгоҳи байналмилалии “EXPO -2019 BEIJING” соҳиби ҷоизаи тиллоӣ гардид

Манбаъ қайд намудааст, ки дар намоишгоҳи мазкур молу маҳсулоти бахшҳои сохтмон, энергетика, таҷҳизот ва технологияҳои истеҳсолӣ, саноати кимиё, соҳаҳои кишоварзӣ, хӯрокворӣ, тандурустӣ, саноати сабук, сайёҳӣ, ҳунарҳои мардумӣ, сармоягузорӣ ва ғайра муаррифӣ карда мешаванд.

Дар назар  аст,  ки дар Намоишгоҳи “Тоҷикистон- тирамоҳ 2019”  намояндагони  ширкатҳои бонуфузи давлатҳои хориҷии дуру наздик ва ватанӣ иштирок намоянд.

Бояд қайд кард, ки маросими ифтитоҳи Намоишгоҳи байналмилалии универсалии “Тоҷикистон- тирамоҳ 2019”  24 октябр, соати  10:00, дар  “Кохи Борбад”  гузаронида мешавад.

Ҳамчунин дар доираи намоишгоҳи мазкур  25 октябр баргузории  ҳамоиши доираи соҳибкорон  ба нақша гирифта шудааст.