Ҷашнҳои рӯзи 18 октябр дар Тоҷикистон ва ҷаҳон

Рӯзи 18 октябр рӯзи Истиқлолияти давлатӣ дар Озарбойҷон ва рӯзи Аляска дар Иёлоти Муттаҳидаи Амрико мебошад
Sputnik

Рӯзи 18 октябр дар ҷаҳон чӣ рух дод

Соли 1906 дар Русия қарор дар бораи баробарии деҳқонон бо дигар қишрҳои ҷомеа бароварда шуд, ки онҳо ҳуқуқ ба интихоби озодонаи макони зисти худро пайдо намуданд. Ҳамчунин нисбат ба онҳо раво дидани ҷазоҳои ҷисмонӣ аз рӯйи ҳукми судҳо манъ карда шуд.

Cоли 1922 Иттиҳодияи радиошунавонии британиягӣ- "ВВС" таъсис ёфт.

Ҷашнҳои рӯзи 18 октябр дар Тоҷикистон ва ҷаҳон

Cоли 1991 охирин ҷаласаи Президиуми Шӯрои олии Иттиҳоди Шӯравӣ баргузор гардид.

Cоли 1993 Латвия асъори нави худ – латро ҷорӣ намуд.

Ҷашнҳои рӯзи 18 октябр дар Тоҷикистон ва ҷаҳон

Cоли 1968 дар Бозиҳои олимпӣ дар Мехико аз ҷониби Боб Бимон оид ба ҷаҳидан ба дарозии 8,90 м рекорди нави ҷаҳонӣ гузошта шуд.

Ҷашнҳои рӯзи 18 октябр дар Тоҷикистон ва ҷаҳон

Cоли 2007 дар Покистон бузургтарин таркиш дар таърихи ин кишвар ба амал омад: мошинҳои ҳайати Беназир Бҳутто тарконида шуданд, ки бар асари он беш аз 130 нафар қурбон гардид.

Ҷашнҳои рӯзи 18 октябр дар Тоҷикистон ва ҷаҳон

Cоли 2011 Тоҷикистон, Русия, Украина, Беларус, Қазоқистон, Арманистон, Қирғизистон ва Молдова Шартнома оид ба савдои озод дар ИДМ-ро ба имзо расониданд.

Рӯзи 18 октябр дар Тоҷикистон чӣ рух дод

Соли 2014 бо ширкатиПрезиденти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон дар Театри академии опера ва балети ба номи Садриддин Айнӣ ба истиқболи солгарди 90-уми таъсиси шаҳри Душанбе ҷамъомади тантанавӣ баргузор гардид.

Ҷашнҳои рӯзи 18 октябр дар Тоҷикистон ва ҷаҳон

Соли 2015 дар ноҳияи Айнӣ, Эмомалӣ Раҳмон Маҷмааи таърихӣ-фарҳангии Нақибхони Туғралро ифтитоҳ намуданд.

Соли 2015 Эмомалӣ Раҳмон роҳи мошингарди Айнӣ — Панҷакентро мавриди истифода қарор доданд.

Соли 2017 Темур Зулфиқоров, адиби русзабони Тоҷикистон барои асари нави "Қиссаҳои тиллоии ишқ" дар Русия барандаи ҷоизаи Бунин гардид.

Ҷашнҳои рӯзи 18 октябр дар Тоҷикистон ва ҷаҳон

Ҷашнҳои рӯзи 18 октябр

  • Рӯзи Истиқлолияти давлатӣ дар Озарбойҷон.
  • Дар ИМА- рӯзи Аляска.
Ҷашнҳои рӯзи 18 октябр дар Тоҷикистон ва ҷаҳон

Рӯзи 18 октябр дар Тоҷикистон кӣ ба дунё омадааст

Соли 1918-1990 - ҳунарманд ва коргардон, ҳунарманди шоистаи Тоҷикистон Саъдулло Каримов.

Соли 1939 – шоир ва тарҷумон Аслам Адҳам.

Соли 1962 мудири пешини Ожонси мубориза бо фасод дар ҶТ, Фаттоҳ Ғоиб.